Владимир Жириновский ба Тоҷикистон омад

Октябрь 31, 2018 13:10

ДУШАНБЕ, 31.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Ҳизби либералию демократии  Федератсияи Россия Владимир Жириновский имрӯз бо як гурӯҳ вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россия ба Тоҷикистон омад.

Дар Фурудгоҳи байналимлалии Душанбе  В. Жириновский ва ҳамроҳонашро муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагон Абуҷаббор Азизӣ,  раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот  Олим Салимзода ва раиси Кумитаи дӯстии байнипарлумонӣ миёни  Маҷлиси намояндагон ва Думаи давлатӣ  Садриддин Шарифов истиқбол намуданд.

Интизор меравад, ки ин ходими сиёсии Россия дар ҳошияи сафараш ба Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Вазири  корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва  ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия мулоқот анҷом диҳад.

В. Жириновский ва ҳамроҳонаш аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон- Қалъаи Ҳисор, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, «Кохи Наврӯз», бозори «Меҳргон»-и Душанбе  ва  ангурзори водии Ҳисор дидан менамоянд.

Октябрь 31, 2018 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид