Ярмаркаи ҷойҳои корӣ дар шаҳри Хоруғ ба корҷӯён дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз он касбҳои мухталиф пешниҳод намуд

Октябрь 26, 2018 09:17

ХОРУҒ, 26.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор гардид.

Намояндаи Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Душанбе Суҳроб Тошев гуфт, ки ҳадафи асосии ярмарка ба танзим даровардани бозори меҳнат ва коҳиш додани сатҳи бекорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Агар дар ярмаркаҳои қаблӣ танҳо дар ҳудуди вилоят ҷойи кор манзур карда мешуд, имрӯз  ба корҷӯён дар минтақаҳои гуногуни мамлакат, аз ҷумла шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ҷойҳои корӣ пешниҳод гардиданд.

Зикр карда шуд, ки нафароне, ки хоҳиши дар Россия кор кардан доранд, ба онҳо низ роҳхат дода мешавад. Зеро мутобиқи шартнома байни Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ ва сохторҳои марбутаи Россия мо метавонем баъзе шаҳрвандонро барои кор ба вилоятҳои Мурманск, Санкт-Петербург ва Москва  равон кунем.

Масъулини бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва марказҳои калонсолони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо истифода аз чунин ярмарка хоҳишмандонеро сабти ном карданд, ки азми омӯзиши  ҳунарҳои мардумӣ ё касбҳои дигар доранд. Теъдоди чунин хоҳишмандон то ба 120 нафар расид.

Ҳамчунин Агентии мазкур бо ҳамин теъдод корҷӯёнро номнавис карда, ба онҳо кафолат дод, ки дар зудтарин фурсат онҳоро бо ҷои кор таъмин мекунад.

Масъулин изҳор доштанд, ки ярмарка чанд рӯзи дигар идома меёбад.

Октябрь 26, 2018 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад