Зиёвуддин Фузайлов: «Ба ҳама барои дастгирӣ ташаккур мегӯям»
ДУШАНБЕ, 25.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Муҳофизатгари дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Зиёвуддин Фузайлов, ки дар вохӯрии байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Малайзия (2:2) дар Чемпионати Осиё лат бардошта, майдонро тарк кард, барои дастгирӣ ва дилсӯзӣ ба ҳамагон изҳори ташаккур намуд.
«Ба ҳама барои дастгирӣ ташаккур мегӯям. Минатдории худро ба ҳайати даста ва мураббиён, дӯстон, мухлисон ва аҳли оила, ки дар ин лаҳзаҳои душвор маро таскин медоданд ва бо ман буданд, изҳор мекунам. Хушбахтона, ин ҷароҳат он қадар хатарнок нест ва он бе шикастану ҷарроҳӣ паси сар шуд. Аз рӯи гуфти духтурон, барои табобат якуним-ду моҳ зарур меояд. Дигар ҳама чиз аз ман вобастагӣ дорад. Кӯшиш мекунам, ки зуд сиҳат ёфта, ба майдони футбол баргардам
Ман аз футболбози дастаи мунтахаби Малайзия наранҷидаам. Ӯ аллакай аз ман узр пурсид. Боварӣ дорам, ки ӯ қасдан ин корро накардааст. Ин бозии футбол аст. Лат хӯрдану ҷароҳат бардоштан ҷузъи ин бозӣ ба ҳисоб мераванд. Албатта, баъди ин ҳодиса хеле тарсидам, ки поям шикастааст. Хушбахтона, ин тавр нашудааст ва он хатарнок нест».













Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард






