Ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Хушқадам Хусравов ба Ватан баргашт
ДУШАНБЕ, 14.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шаби 13 ба 14 ноябр ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбо аз кишвари баргузории Чемпионати ҷаҳон-2018- шаҳри Бухарести Руминия ба Ватан баргашт. Чемпиони нави ҷаҳон Хушқадам Хусравов ва ҷоизадорони ин маъракаи сатҳи ҷаҳониро дар қатори масъулини соҳа ҳаводорони зиёди соҳаи варзиш истиқбол гирифтанд.
Маросими истиқболи ғолибони Чемпионати ҷаҳон-2018 оид ба самбо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо иштироки роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мураббиёну варзишгарон ва ҳаводорони сершумори ин намуди гӯштин дар фазои тантанавӣ сурат гирифт.
Тавре аз Федератсияи самбои Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд, дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ, ки аз 9 то 11 ноябр идома ёфт, паҳлавони ҷавони тоҷик Хушқадам Хусравов бо шикаст додани ҳамаи рақибони худ унвони чемпиони ҷаҳонро дар вазни 62 кг ба даст овард. Дар баробари Хушқадам Хусравов боз се тан самбочии дигари мамлакат- Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни 74 кг, Акмалиддин Каримов дар вазни 57 кг ва Сорбон Латифов дар вазни 62 кг медалҳои биринҷиро соҳиб шуданд.
Медали тиллои Хушқадам Хусравов баъд аз қаҳрамонии Саидмуъмин Раҳимов ва Беҳрӯзи Хоҷазода сеюмин дастоварди олӣ дар таърихи самбои Тоҷикистон аз чемпионати ҷаҳон маҳсуб мешавад.
Бояд гуфт, ки Хушқадам Хусравов дастпарвари Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ мебошад. Чемпиони дигари ҷаҳон Беҳрӯзи Хоҷазода ҳам феълан донишҷӯи ин Донишкада аст.
Дар маҷмӯъ Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон-2018 оид ба самбо 12 тан варзишгар- 8 нафар дар самбои варзишӣ ва 4 тани дигар дар самбои размӣ намояндагӣ карданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ ҷои 3-юмро ишғол кард.
Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки соли гузашта дар шаҳри Сочи бо ширкати варзишгарони беш аз 90 кишвар сурат гирифт, паҳлавонони тоҷик бо шумули 11 нафар панҷ медал — як тилло, ду нуқра ва ду нишони биринҷӣ ба даст оварда, дар ҳисоби умумидастаӣ пас аз Россия мақоми дуюмро касб намуданд. Беҳрӯзи Хоҷазода дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни то 74 кило бо медали тилло сарфароз гашт. Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кило ва Набимуҳаммад Хоркашев дар вазни беш аз 100 кило бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд. Зафар Олимшоев дар вазни то 82 кило медали биринҷӣ гирифт.
Инчунин аз намуди самбои размӣ Сорбон Латифов дар вазни то 62 кило барандаи медали биринҷӣ гардида буд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






