Аҳтам Абдуллозода бо Томас Бах дар шаҳри Токиои Япония мулоқот намуд

Ноябрь 30, 2018 15:00

ДУШАНБЕ, 30.11.2018 /АМИТ «Ховар»/.  29 ноябр дар шаҳри Токиои Япония муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах мулоқот намуд.

Тавре  аз  Кумитаи миллии олимпии  Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар»  хабар доданд,   дар ҳошияи ҷаласаи Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ суҳбати дуҷониба сурат гирифта, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории минбаъда, рушди Ҳаракати олимпӣ, татбиқи барномаҳои ҷаҳонии Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон дар суҳбат бо директори генералии Ҳамбастагии олимпӣ Пере Миро ҷонибҳо барои сохтмони як иншооти варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд. Пере Миро гуфт, ки Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон метавонад лоиҳаи иншооти варзиширо пешниҳод намояд.

Аҳтам Абдуллозода ҳамчунин бо президенти Кумитаи олимпии Россия Станислав Поздняков вохӯрд. Мавзӯъҳои рушди ҳамкорӣ, баланд бардоштани касбияти мураббиёну доварон, баргузории чорабиниҳои омӯзишӣ, имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни кумитаҳои олимпии ду кишвар аз масъалаҳои асосии суҳбат буданд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар шаҳри Токио ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ баргузор гардид.

Ноябрь 30, 2018 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд