Агрегати аввалини НБО-и «Роғун» бо азму талош ва ҷасорати бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода мешавад

Ноябрь 14, 2018 08:57

ДУШАНБЕ, 14.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳар як марҳила шахсоне сари қудрат меоянд, ки онҳо барои рушди кишвар ва баланд бардоштани мақоми он дар арсаи байналмилалӣ тамоми қобилият ва маҳорати кордонии хешро сарф карда, манфиати давлат ва Ҳукуматро аз манфиати шахсӣ боло медонанд.

Дар аввали садаи ХХI ҳамин масъулияти вазнин бар дўши фарзанди фарзонаи миллат, абармарди дунёи сиёсат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузор гардид. Дар як марҳилаи ҳассоси таърихӣ ин шахсияти ватандўст на танҳо миллатро аз вартаи нобудшавӣ ҳифз ва ҳимоя намуд, балки барои рушди минбаъдаи он роҳи васеъ боз кард. Дар пайи ин мақсади наҷиб Пешвои миллат ба бунёди иншооти азими аср- НБО-и «Роғун» камари ҳимат бастанд ва шахсан маҷрои дарёи Вахши саркашро дигар карданд. Ба қавли шоир:

Бархезу биё ба Роғун, ай ҷону ҷигар,

Пайванди вафои одаму об нигар.

Вахше, ки сарафрохта буд, роҳ гирифт,

Аз мақдами Пешво ба маҷрои дигар.

Ин аст, ки бо талошҳои зиёд ва ҷидду ҷаҳди беандоза Сарвари давлати тоҷикон сохтмони онро аз нав оғоз карда, дар муддати расо 10 сол (солҳои 2008 – 2018) агрегати нахустини ин кохи муҳташами нурро ба кор дароварданд.

Дар ин давраи таърихӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баромад намуда, аҳамияти ин иншоотро барои тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистон шарҳ дода, дар ҷаласаҳои минтақавӣ аз он дифоъ кардаанд. Ҳамзамон доир ба тавсеаи ин лоиҳаи нафъовар ба аксари ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ гузориш манзур карда, нақши бузурги ин иншоотро дар рушди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллии Ватани маҳбубамон муҳим арзёбӣ намудаанд.

Муҳимтар аз ҳама, ҳангоми сафарҳои кориашон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир ба дурнамои рушди кишвар изҳори назар карда, дар ин раванд пураҳамият будани сохтмони иншооти Роғунро махсус зикр мекарданд ва мардумро бовар мекунониданд, ки халқи тоҷик аз уҳдаи сохтмони ин неругоҳ мебарояд ва онро дар муҳлатҳои муқарраршуда ба анҷом мерасонад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ишора кардаанд, ки Роғун на танҳо ба халқи тоҷик нуру рўшноӣ медиҳад, балки барои боз ҳам беҳтар шудани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад.

Нақши беназир доштани ин кохи муҳташами нурро ба инобат гирифта, Пешвои миллат дар назди ин сохтмони аср Шўрои нозиронро бо роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис намуданд ва ин Шўроро вазифадор карданд, ки ҳар моҳ бо кору фаъолияти сохтмончиёни Роғун шинос шуда, аз натиҷаи заҳмату талошҳои онҳо ба Роҳбари давлат мунтазам гузоришҳои шифоҳию хаттӣ пешниҳод намояд. Дар ин асос кори ҳаррўзаи сохтмончиёни НБО-и «Роғун» зери назорат қарор дода шуд ва ҷараёни сохтмон вусъати тоза касб кард.

Сохтмончиёни «Роғун» хуб медонистанд, ки бунёди ин иншоот зери назорати бевоситаи Президенти мамлакат қарор дорад, аз ин рў бо ғайрати дучанд заҳмат мекашиданд. Коргарони баору номус ва қавииродаи Роғун ба Сарвари давлаташон ваъда доданд, ки аз уҳдаи ҳама гуна нақбканиҳои вазнин мебароянд ва корҳоро бо сифати баланду сари вақт иҷро мекунанд.

Онҳо на танҳо ба қавлашон вафо карданд, балки корро дар се баст ташкил намуда, барои ба мақсад расидан тамоми неру ва қобилияти кордонии хешро сарф карда, дар вақти муайяншуда корҳои сохтмониро ба анҷом расониданд. Ҳамин азми қавӣ ва матонати баланди коргарон аст, ки бунёди иншоот босуръат идома дорад ва кор дар бисёр қитъаҳо шабонарўзӣ ба роҳ монда шудааст.

Президенти мамлакат аз рўзҳои нахустини оғози иншоот таъкид карда буданд, ки ба азму матонати мардум боварӣ доранд, зеро онҳо қодиранд чунин иншооти бузурги асрро бунёд намоянд. Ин ҳақиқат асоси воқеӣ пайдо кард ва халқи бонангу номус, ватандўсту ватанхоҳи тоҷик тавонист номи Сарвари худро баланд бардорад ва агрегати аввалинро сари вақт ва дар муҳлати муқарраршуда ба истифода диҳад. Ҳиссаи ҳар як коргар дар амалӣ шудани ин ташаббуси наҷиб ба назар расида, як будани қавлу амалашон собит гардид.

Мардуми сарбаланди тоҷик бо Пешвои муаззами худ – Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунад. Зеро ҳар як ташаббуси созандаеро, ки он кас оғоз менамоянд, то ба анҷом расиданаш шахсан сарварӣ мекунанд ва бо иҷро шудани он рўҳу илҳоми тоза гирифта, дар пайи ғояи нави ватандўстона мешаванд. Дар ҳамин замина Пешвои муаззами миллат ба кори «Роғун» ҳусни оғоз бахшиданд, мушкилиҳоро бо таҳаммул паси сар карданд ва ҷасуронаю далерона дар бунёди иншоот миён баста, дар муддати як даҳсола ба муроди дилашон расиданд.

Сарвари ботадбир хуб дарк мекарданд, ки ин иншоот роҳи бисёр масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодиро мекушояд ва барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи кори нав замина фароҳам меоварад. Ин энергияи арзон сабаби таъсис ёфтани корхонаҳои бузургу миёнаи саноатӣ шуда, ҷиҳати тағйир ёфтани инфрасохтори маҳаллӣ мусоидат менамояд.

Бо дарназардошти ин, Пешвои миллат барҳақ тазаккур додаанд, ки «истифодаи захираву имкониятҳои дохилии Тоҷикистон, махсусан тавассути истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ ба роҳ мондани истеҳсоли неруи барқи арзон мустақиман ба рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодии кишвари мо, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва куллан беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мусоидат мекунад».

Баланд гардидани сатҳу сифати ҳаёти мардум ба он мусоидат хоҳад намуд, ки қишрҳои гуногуни аҳолӣ дар макони зисти худ соҳиби ҷойи кори доимӣ мешаванд ва ба тарбияи фарзандон машғул шуда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ эҳтиёҷ намемонад. Дар баробари ин барои рушди илму маориф заминаи хуб муҳайё шуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардидани таълиму тарбия шароити мусоид фароҳам меояд.

Тавлиди нур- ин тавлиди бахти нави халқи тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ин иқдоми наҷибонаи Пешвои муаззами миллат марҳилаи навро дар ҳаёти халқи тоҷик боз карда, ба рушди минбаъдаи он асоси воқеӣ мегузорад.

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа

 

Ноябрь 14, 2018 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» масолеҳи сохтмонии баландсифат истифода мешавад
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад