Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо муайян гардид

Ноябрь 3, 2018 09:10

ДУШАНБЕ, 3.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои  9-11 ноябри соли равон дар шаҳри Бухарест – пойтахти Руминия Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни калонсолон баргузор мешавад.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон аз  Федератсияи самбои Тоҷикистон  хабар доданд, дар ин мусобиқа беҳтарин варзишгарон аз ҳар гӯшаи ҷаҳон барои 27 маҷмӯи медалҳо (9 маҷмӯъ миёни мардон, 9 маҷмӯъ миёни бонувон, 9 маҷмӯъ дар самбои размӣ) дар пойтахти Руминия ҷамъ меоянд.
Дастаи мунтахаби ҷумҳурии  Тоҷикистон дар ҳайати 12 нафар – 8 нафар дар самбои варзишӣ ва 4 нафар дар самбои размӣ муайян гардид:

Самбои варзишӣ

Вазни -52кг – Ҷомии ҲАСАН
Вазни -57кг – Акмалиддин КАРИМОВ
Вазни -62кг – Хушқадам ХУСРАВОВ
Вазни -68кг – Мустафо ҲАСАНОВ
Вазни -74кг – Беҳрӯз ХОҶАЗОДА
Вазни -82кг – Зафар ОЛИМШОЕВ
Вазни -90кг – Комроншоҳ УСТОПИРИЁН
Вазни -100кг – Муҳаммадризо ҚУРБОНЗОДА

Самбои размӣ

Вазни -62кг – Сорбон ЛАТИФОВ
Вазни -68кг – Умед МУҲИДДИНОВ
Вазни  -74 кг  — Беҳрӯз ЗУҲУРОВ
Вазни  -90 кг-  Солеҳ ҲАСАНОВ

Федератсияи байналмилалии самбо дар Чемпионати ҷашни 80-солагии самбо фонди ҷоизавии чемпионати ҷаҳонро дар ҳаҷми 216 000 доллари ИМА тасдиқ кард. Варзишгароне, ки сазовори медал мегарданд, ҷоизапулӣ низ дарёфт мекунанд:

Ҷои 1 – 3000 доллари ИМА
Ҷои 2 – 2000 доллари ИМА
Ҷои 3 – 1500 доллари ИМА

Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо соли гузашта дар  шаҳри   Сочии  Федератсияи  Россия   варзишгари маъруфи  тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода чемпион гардид.

Акмалиддин Каримов ва Набимуҳаммад Хоркашев сазовори медали нуқра, Зафар Олимшоев ва Сорбон Латифов сазовори медали биринҷӣ гардида буданд.

Ноябрь 3, 2018 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд