Ҷанни Инфантино Рустами Эмомалиро бо ғалабаи дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе табрик намуд
ДУШАНБЕ, 15.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино дар як номаи худ ба унвони Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанберо бо пирӯзиаш дар мусобиқаи имсолаи чемпионати футболи Тоҷикистон табрик кардааст.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар номаи Ҷанни Инфантино, аз ҷумла, омадааст: «Президенти муҳтарам! Лутфан табрикоти гарму ҷӯшони маро ба дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, ки бори ҳафтум унвони қаҳрамониро сазовор шудааст, бирасонед. Ин ғалабаи тамоми даста аст. Бинобар ин таманниёти самимонаи маро ба ҳамаи бозингарон, мураббиён, кормандони техникиву тиббӣ, инчунин мухлисони даста, ки бешак, дар пирӯзии бошгоҳи худ саҳми муҳим гузоштаанд, бирасонед. Аз номи аҳли ҷомеаи футболи ҷаҳонӣ ба дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар оянда барори кор ва муваффақият мехоҳам».
Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, ки ҳафт бор (солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017 ва 2018) медалҳои тиллои чемпионатҳои футболи Тоҷикистонро ба даст овардааст, дар мавсими нав бори аввал дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) бозӣ мекунад.
Барои ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ ёфтан ба дастаи чемпиони Тоҷикистон зарур аст, ки дар марҳилаи муқаддамотӣ бошгоҳи футболи АГМК-и Ӯзбекистон, баъдан дар даври плей-офф дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудиро мағлуб намояд.
Бозӣ бо дастаи АГМК-и Ӯзбекистан 12 феврали соли оянда дар шаҳри Алмалики ин давлат доир мегардад.
Дар мавриди пирӯзӣ бар дастаи АГМК дастаи «Истиқлол» дар даври плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2019 барои ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа баромадан 19 феврал дар меҳмонӣ бо бошгоҳи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ дар даври плей-офф бозӣ мекунад.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






