Ҷавонон-«Пайравони Пешвои миллат» малакаи роҳбарӣ ва муошират меомӯзанд
ДУШАНБЕ, 22.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябри соли равон дар лагери «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд давраи омӯзишии «Пайравони Пешвои миллатем» оғоз ёфт. Дар лагери мазкур таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ 50 нафар ҷавонони фаъол аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода бо иштирокчиёни давраи омӯзишӣ мулоқот намуда, иброз дошт, ки «бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳсил ва зиндагии шоиста дар Тоҷикистон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Имрӯз шуморо мебояд дар партави сиёсати хирадмандона ва созандаи Роҳбари давлат дониш омӯзед, илмҳои замони муосир, техника ва технологияи навинро аз бар намуда, ҳамчун мутахассисони баландихтисос дар пешрафти Ватан саҳмгузор бошед».
Ба иттилои манбаъ, дар лагер бо мақсади ташаккули тарзи ҳаёти солим ташкили машғулиятҳои варзишӣ ва тренингҳои омӯзишӣ дар мавзӯи «Нақш ва иштироки наврасону ҷавонон дар тарғиби ғоя ва арзишҳои миллӣ», «Малакаҳои роҳбарӣ ва хусусиятҳои он», «Пешгирии ҷавонон аз ВНМО/БПНМ», «Малакаҳои муошират ва ровигӣ», «Шабакаҳои иҷтимоӣ ва роҳҳои дуруст истифода бурдани онҳо», инчунин баргузории барномаи «Шоми ҷавонӣ» дар назар дошта шудааст.
Мавриди зикр аст, ки давраи омӯзишӣ то 24 ноябри соли 2018 идома меёбад.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






