«Ба хуршеду моҳу ба бурҷи фалак, зи Роғун, зи Роғун, зи Роғун салом!» — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Ноябрь 22, 2018 15:00

ДУШАНБЕ, 22.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта дар китоби таърихи навини давлатдории тоҷик бо рӯйдодҳои фаромӯшнашавандаи дорои аҳамияти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, минтақавӣ навишта мешавад. Зеро 16 ноябр, дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чархаи якуми НБО-и «Роғун» бо ҳузури ҳазорон меҳмонони хориҷӣ ва садҳо журналистони ҷаҳонӣ ба кор дароварда шуда, нахустин киловатҳои неруи барқи арзон, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар ба системаи ягонаи энергетикии Тоҷикистон интиқол дода шуд. Матбуоти ватанӣ дар инъикоси ин дастоварди бузурги миллат саҳми шоиста гузошт.

Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» (№223-224, 16.11.2018с) аз маросими  ба кор даровардани агрегати якуми НБО-и «Роғун» гузориши муфассал нашр карда, сарсухани шумораи мазкурро бо суханони Пешвои миллат пешниҳоди хонандагон кардааст: «Оғози кори «Роғун» — кохи бузурги нур, шарти пешрафти устувори Ватан, рӯзгори обод ва рӯи сурхи ҳар як фарди мамлакат муборак бошад, ҳамватанони азиз! Ҳазорон аҳсану офарин ба бунёдкорони «Роғун» — қаҳрамонони арсаи заҳмати созандаву мардона! Шараф ба мардуми ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус ва заҳматпешаву сарбаланди Тоҷикистон! Халқи бузургвори ман! Хонадони ҳар як фарди ту аз нури «Роғун» то абад равшан, қалби хурду бузурги сокинонат то ҷовидон гарм аз меҳри Ватан бошад!».

Дар шумораи мазкур ҳамчунин мақолаҳои «Рӯзи Президент, Рӯзи сулҳ, рӯзи эҳёи миллӣ», «16 ноябр. Аз Қасри Арбоб то каъбаи нур», «1987. Соле, ки Эмомалӣ Раҳмонро интихоб карданд», «Роғун дар симои Пешвои миллат», «Ҷилои хирад», «Роғун – нодиртарин иншооти гидроэнергетики ҷаҳон» чоп шуданд, ки саршор аз меҳру муҳаббати ватандорӣ мебошанд. Бояд гуфт ки ба муносибати оғози фаъолияти НБО-и «Роғун» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамоишҳои идона баргузор шуданд. Дар ҷамъомади тантанавӣ дар шаҳри Душанбе Пешвои миллат иштирок ва суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки Роғун сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик мебошад. Матни пурраи суханронии Сарвари давлат дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (№225, 19.11.2018) бознашр шудааст.   Дар шумораҳои дигари нашрияи расмии мамлакат хабару гузоришҳо дар бораи эътимоднома қабул намудани Президенти  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 сафири навтаъйини кишварҳои хориҷӣ, мулоқоти Пешвои муаззами миллат бо раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов нашр шудаанд.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор даровардани агрегати якуми НБО-и «Роғун» дар ҳаҷми 8 саҳифа шумораи идона чоп кардааст. Муҳтавои шумораи рангаи нашрия аз мақолаҳои «Нақши Пешвои миллат дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», «Фурӯғи деринтизори миллат», «Пешвои миллат рамзи давлатдории миллӣ мебошад», «Бо Президенти мамлакат ифтихор дорем», «Садо ояд ҳаме аз Қасри Арбоб», инчунин достони «Шоҳнома»-и Роғун (муаллиф М.Рустамзода) манзумаи «Нури Роғун нури Ҳаққу сояаш (муаллиф Р.Қодириён) иборат ёфта, ҳамчунин гузориш аз соати парламентӣ бо сарлавҳаи «Пешгирии ҷалби ҷавонон ба ташкилоти террористӣ вазифаи ҷомеаи шаҳрвандӣ низ ҳаст» дар ҳамин шумора дарҷ гардидааст. Дар ин ҳамоиши парлумонӣ муовини якуми раиси КДАМ ҶТ Мансурҷон Умаров маърӯза намуда, оид ба вазъ дар мавзӯи рӯзмарра маълумоти васеъ пешниҳод кардааст. Хонандагон имкон доранд матни ин маърӯза ва муҳокимаҳо дар атрофи онро аз нашрияи парлумонии мамлакат мутолиа кунанд.

Нашрияи русзабони «Народная газета» матни суханронии Пешвои миллатро дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми НБО-и «Роғун» ва тантанаҳои ҷашнӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт нашр карда, мақолаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзодаро бо сарлавҳаи «Агрегати аввалини НБО-и «Роғун» бо азму талош ва ҷасорати бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода мешавад» пешкаши хонандагон намудааст. Муаллифи мақола навиштааст: «Мардуми сарбаланди тоҷик бо Пешвои муаззами худ – Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунад. Зеро ҳар як ташаббуси созандаеро, ки он кас оғоз менамоянд, то ба анҷом расиданаш шахсан сарварӣ мекунанд ва бо иҷро шудани он рўҳу илҳоми тоза гирифта, дар пайи ғояи нави ватандўстона мешаванд. Дар ҳамин замина Пешвои муаззами миллат ба кори «Роғун» ҳусни оғоз бахшиданд, мушкилиҳоро бо таҳаммул паси сар карданд ва ҷасуронаю далерона дар бунёди иншоот миён баста, дар муддати як даҳсола ба муроди дилашон расиданд. Сарвари ботадбир хуб дарк мекарданд, ки ин иншоот роҳи бисёр масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодиро мекушояд ва барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи кори нав замина фароҳам меоварад. Ин энергияи арзон сабаби таъсис ёфтани корхонаҳои бузургу миёнаи саноатӣ шуда, ҷиҳати тағйир ёфтани инфрасохтори маҳаллӣ мусоидат менамояд».

Нашрияи Вазорати маориф ва илм «Омӯзгор» дар саҳифаи аввал шеъри шоири тоҷик Давлат Сафарро чоп кардааст, ки бо мисраъҳои зерин сар мешавад:

Ба хуршеду моҳу ба бурҷи фалак,

Ба ҳуши замону ба гӯши малак,

Зи Роғун, зи Роғун, зи Роғун салом!

Дар саҳифаҳои дохилии нашрия мақолаҳои «Нубуғи сарварӣ», «Сифати таълифи китобҳои дарсиро беҳтар менамоем», «Қадимтарин парчамҳои Тоҷикистон», «Ба фарзандон бояд номи тоҷикӣ гузошт», «Тарбия аз таълим душвор аст»,  «Аз меҳри Ватан гуфт, бо меҳри Ватан рафт (ба муносибати зодрӯзи шоири тавонои тоҷик Бозор Собир) пешкаши дӯстдорони мактабу маориф шудааст.

Нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» бо сармақолаи «Мо дигар нуронием чун осмони нилгун» чоп шуда, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ силсиламақолаҳоро бо сарлавҳаҳои «Парчам нишона аз озодии миллати соҳибтамаддуни тоҷик», «Парчами миллӣ – рамзи соҳибдавлатӣ» ва «Нишони давлатдорӣ» чоп кардааст.

Ноябрь 22, 2018 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАВОНОН-НЕРУИ СОЗАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Фархор Рӯзи ҷавононро таҷлил намуданд
«СОЗАНДАГОНИ ВАТАН». Дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор гардид
РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Гулистон барномаи идона доир шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусрав доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вохӯрӣ баргузор гардид
РӮЗИ ҶАВОНОН ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба он ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе доир ба мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ машварат доир шуд
РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар Шаҳринав бо иштироки 5000 нафар роҳпаймоии идона баргузор гардид
Ба сокинони Файзобод муҳтавои суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин расонида шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ даъват ба хизмати ҳарбӣ пеш аз муҳлат иҷро гардид
Дар Суғд лоиҳаҳо оид ба истеҳсоли неруи барқ аз нури Офтоб ва бод татбиқ карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Машҳад маросими видоъ ва ҷанозаи Президенти Ҷумҳурии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ баргузор мешавад
Ҳама роҳҳо ба сӯи «Анор» мебаранд