Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид

Ноябрь 24, 2018 09:50

ДУШАНБЕ, 24.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ба муносибати ба кор даромадани агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон, Пешво, Парчам, Роғун» ҳамоиши ҷавонони ноҳия баргузор гардид.

Зимни ифтитоҳи ҳамоиши ҷавонон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода иброз намуд, ки «таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ барои баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва ифтихор доштан аз давлатдории навин мебошад. Бо ба истифода додани чархаи аввали НБО «Роғун», ки барои ҳар як фарди худшиносу худогоҳ мояи ифтихор аст, сатҳи зинддагии мардуми тоҷик беҳ гардида, таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон ба зиндагии шоиста ноил мегардад».

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Абдуалимов, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Дилбар Абдураҳимова, ноиби Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ Раҳим Саидзода, муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Мавҷуда Бобозода ва сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, шоири ватансаро Давлат Сафар дар бораи аҳамияти таърихии Парчами давлатӣ ва нақши НБО «Роғун» дар таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.

 

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши мазкур арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ,аз ҷумла Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар рӯҳияи ватанпарастиву ватандӯстӣ, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ тарбия намудани ҷавонону наврасон арзёбӣ гардид.

Дар доираи ҳамоиш намоиши дастовардҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур доир гардид.

Дар охир аз ҷониби ҳунармандони Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова, Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон ва ансамбли «Наврӯз»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барномаи фарҳангии ҷолиб пешниҳод гардид.

Ноябрь 24, 2018 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус