Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои қоғазии навро ба муомилот мебарорад
ДУШАНБЕ, 05.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии нави намунаи соли 2018-ро бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 200 ва 500 сомонӣ ба муомилот мебарорад.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Бонки миллӣ хабар доданд, бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи ҳимояи пули миллӣ, таъмин намудани иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ ва такмил додани унсурҳои ҳимоявии он Бонки мазкур пулҳои қоғазии навро ба муомилот мебарорад.
Қобили зикр аст, ки пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 200 ва 500 сомонии намунаи соли 2018 дар қатори пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 200 ва 500 сомонӣ, намунаи солҳои 1999, 2010, 2017, ки дар муомилот мавҷуданд, баробар гардиш менамоянд.
Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкил намудани шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани пулҳои коғазии намунаи соли 2018 бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 200, 500 сомонӣ тибқи тартиби муқарраршуда тадбирҳои зарурӣ меандешад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






