Бонувони футболбози тоҷик бар дастаи мунтахаби бонувони Сингапур ғолиб омаданд

Ноябрь 14, 2018 14:00

ДУШАНБЕ, 14.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор марҳилаи аввали интихобии мусобиқаи футболи бонувон ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар гурӯҳи «А» ба анҷом расид. Дар  ин мусобиқа  дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон аз дастаҳои мунтахаби Муғулистон ва Сингапур пеш гузашта, дар гурӯҳ ҷои сеюмро ишғол кард.

Тавре аз  Федератсияи футболи  Тоҷикистон  ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар даври ниҳоӣ футболбоздухтарони тоҷик ба дарвозаи  дастаи мунтахаби  Сингапур 6 голи беҷавоб заданд. Дар ҳайати дастаи  мунтахаби Тоҷикистон Гулсунбӣ Ҳалимова 5 гол зад. Як голи дигарро Мадина Фозилова ба нишон расонид. Ин ғалабаи дуюми дастаи  мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар ин мусобиқа аст. Қаблан дар даври аввал шогирдони Сулаймон Бобокалонов бар дастаи мунтахаби  Муғулистон  бо ҳисоби 4:1  пирӯз шуда буданд.

Дар бозии дигари гурӯҳ  дастаи  мунтахаби Тайпейи Чин бар дастаи  мунтахаби  Филиппин бо ҳисоби 5:0 ғалаба карда, бо 12 хол ҷои аввалро ишғол намуд. Дастаи мунтахаби бонувони Филиппин 9 хол ба даст овард. Дастаи  мунтахаби Тоҷикистон бо 6 хол дар зинаи сеюм қарор гирифт. Дастаҳои  мунтахаби  Муғулистон ва Сингапур бо якхолӣ дар мавқеи чоруму панҷум ҷой гирифтанд.

Ба марҳилаи дуюми интихобии мусобиқаи футболи бонувон ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз гурӯҳи «А» дастаҳои  мунтахаби Тайпейи Чин ва Филиппин роҳхат гирифтанд. Барои ба марҳилаи дигар баромадан ба дастаи мунтахаби бонувони  Тоҷикистон як хол нарасид.

Дар баробари дастаҳои мунтахаби Тайпейи Чин ва Филиппин ба марҳилаи дуюми интихобӣ, ки дастҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Ветнам ворид буданд, ҳамчунин дастаҳои мунтахаби  Эрон, Гонгкок (аз гурӯҳи «В»), Мянма, Ҳиндустон (аз гурӯҳи «С»), Урдун, Фаластин (аз гурӯҳи «D») роҳхат гирифтанд. Ду дастаи беҳтарини ҷои сеюми гурӯҳҳо Непал (гурӯҳи «С») ва Фаластин (гурӯҳи «D») ҳисобида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи дуюми интихобии мусобиқаи футбол ба Бозиҳои олимпии соли 2020 бо иштироки 12 даста дар се гурӯҳ аз 1 то 9 апрели соли оянда баргузор мешавад.

Ноябрь 14, 2018 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд