Бонувони футболбози тоҷик чемпионати CAFA-ро бо ғалаба оғоз карданд
ДУШАНБЕ, 23.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Чанд лаҳза пеш дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол бо роҳбарии сармураббӣ Сулаймон Бобокалонов дар бозии аввали чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ-2018 бар дастаи мунтахаби бонувони Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар даври дуюм 25 ноябр бо дастаи мунтахаби бонувони Ӯзбекистон вомехӯрад.
Бояд зикр кард, ки ин мусобиқа дар шаҳри Тошканд то 1 декабри соли равон идома ёфта, дар он 5 дастаи бонувон иштирок менамоянд. Дар баробари Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби бонувони Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Эрон барои медалҳо талош мекунанд.
Дар асоси низомнома, чемпионати CAFA миёни бонувон тибқи системаи даврӣ дар як марҳила сурат мегирад. Ғолиби чемпионат дастае мегардад, ки холи бештар ба даст оварад.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






