Дар 10 соли охир дар Тоҷикистон зиёда аз 1 миллион ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 30.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва роҳбарони як зумра вазорату кумитаҳои дахлдори соҳаи марбутаи мамлакат дар мавзӯи «Рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба он» муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид.
Тавре аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз рӯи масъалаи мазкур дар назди иштирокчиёни ҷаласа муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Равшан Раҷабзода иброз дошт, ки «ба нақшагирии ин масъала, пеш аз ҳама, барои амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20 январ ва 22 декабри соли 2016 ва 22 декабри соли 2017, ки дар Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардида буд, равона шудааст».
Бояд гуфт, ки дар Паёми Сарвари давлат таъкид гардида буд, ки танзими давлатии муносибатҳои меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, касбомӯзӣ ва муҳоҷирати аҳолӣ ба суботи иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири бевосита дорад.
Зикр шуд, ки амалӣ гардидани барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ имкон дод, ки дар 10 соли охир зиёда аз 1 миллион ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, танҳо тавассути мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 315 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд, ки 30 фоизи онҳоро занон ташкил медиҳанд.
Тибқи маълумоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ бо мақсади амалишавии «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар солҳои 2016-2017 аз ҳисоби маблағҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 27,3 млн. сомонӣ, аз ҷумла соли 2016 — 11,5 млн. сомонӣ ва соли 2017 — 15,8 млн. Сомонӣ равона гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дастгирии шахсони бекор ҷиҳати машғул шудан ба соҳибкорӣ қарзҳои хурди имтиёзнок ва маблағҳо ҷудо карда мешаванд, ки айни замон маблағҳои гардишии барои ин мақсад ҷудогардида 14,6 млн. сомониро ташкил медиҳанд.
Дар 9 моҳи соли ҷорӣ барои таъмини иҷтимоии шаҳрвандони бешуғл тавассути пардохти кумакпулӣ 4,0 млн. сомонӣ, барои ташкили корҳои ҷамъиятӣ 0,4 млн. сомонӣ, сиёсати шуғл 0,6 млн. сомонӣ ва барои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси бекорон 3,2 млн. сомонӣ, аз ҷумла ҷиҳати пардохти идрорпулӣ 1,1 млн. сомонӣ равона гардидааст, ки ин дар маҷмӯъ 8,2 млн. сомонӣ ё ин ки 70 фоизи нақшаи нуҳмоҳаро ташкил медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки маблағҳои бо ин мақсадҳо равонагардида, пеш аз ҳама, барои мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва касбомӯзии шаҳрвандони ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.
Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин ҳамчунин Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода, Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрам Кучакшозода сухан гуфтанд.








IRS: Дар шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ баландии барф то 15 сантиметр мерасад
Дар «Саноатсодиротбонк» ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон U-17-ро дар чемпионати ҷаҳон – 2025 дар Қатар дастгирӣ намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар ноҳияи Лахш бо усули «Деҳа ба деҳа» ва «Маҳалла ба маҳалла» суҳбату вохӯриҳо доир гардид
Бахшида ба 100-солагии Омӯзгори хизматнишондодаи Тоҷикистон Хосият Махсумова ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ баргузор шуд
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав барои давраи тирамоҳу зимистон омода карда шуданд
Имрӯз дар доманакӯҳои Тоҷикистон ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад
АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ ОГОҲ МЕНАМОЯД. Аз 2 то 5 ноябр дар Тоҷикистон борону барф пешгӯӣ мешавад
«LONELY PLANET»: Маконҳое, ки дар Тоҷикистон ҳатман бояд онҳоро тамошо кард
САРНАВИШТИ ЗАНИ САЗОВОР. Бахшида ба 100-солагии Омӯзгори хизматнишондодаи Тоҷикистон Хосият Махсумова китоб ба нашр расид






