Дар Чин ҷаласаи Ассамблеяи ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм идома дорад

Ноябрь 10, 2018 10:30

ДУШАНБЕ, 10.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз  8 ноябр  дар шаҳри Дунфани Ҷумҳурии Мардумии Чин  ҷаласаи Ассамблеяи ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ҷараён дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур  муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода ва 5 нафар ҷавонони фаъоли кишвар намояндагӣ менамоянд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ ба АМИТ  «Ховар» хабар доданд.

Дар  маросими ифтитоҳи ҷаласаи Ассамблеяи ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм котиби генералии СҲШ Рашид Олимов, намояндаи доимии Ҷумҳурии Қирғизистон Ж. Кожобекова, котиби Кумитаи ҳизби шаҳрии Дунфани Ҷумҳурии Мардумии Чин Те Ган, раиси Шӯрои ҷавонони СҲШ Т. Дайирбеков, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи давлатии сайёҳии Ӯзбекистон С. Акбаров, мушовири Сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Д. Лукянтсев, намояндаи Лигаи ҷавонони назди котиботи СҲШ В. Ху ва намояндагони ҳайати миллӣ аз давлатҳои Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Покистон доир  ба хатарҳои вабои аср- терроризм ва экстремизм  сухан гуфтанд.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи Ассамблеяи ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм то 12 ноябри соли 2018 идома меёбад.

Ноябрь 10, 2018 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад