Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Президент ва ба истифода додани агрегати аввали НБО «Роғун» ҳамоиши илмӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 15.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои халқи тоҷик иншооти бағоят муҳим буда, сохтмони он масъалаи нангу номуси миллист. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қотеият, қаҳрамонона ва ба мушкилиҳо нигоҳ накарда, бо иродаи матин сохтмони ин иншооти азимро ба марҳилаи оғози тавлиди неруи барқ оварданд ва онро то ба охир мерасонанд. Ин нуктаро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зимни ифтитоҳи ҳамоиши илмие, ки таҳти унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори давлати миллии тоҷикон ва эҳёгари Роғун» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён дошт.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷамъомади мазкур, ки ба муносибати Рӯзи Президенти Тоҷикистон, 26 – солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати нахустини НБО «Роғун» доир гардид, намояндагони Академияи илмҳо, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода ва дигарон оид ба нақши Сарвари давлат дар бунёди НБО «Роғун» сухан карданд.
Зикр шуд, ки бо назардошти саҳми арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз соли 2016 инҷониб 16 ноябр дар мамлакат ҳамчун Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад.
«Хизматҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар масоили дохилӣ, балки дар масъалаҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ низ бузург мебошанд. Маҳз тавассути ба роҳ мондани сиёсати бобарор ва башардӯстона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд обрӯ ва эътибори кишварро дар арсаи байналмилалӣ боло бардошта, миллати тоҷик ва давлати тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд»,- гуфта шуд дар идомаи ҷамъомад.
Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар бахши иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дигаргуниҳои азим ба вуқӯъ пайваста, симои шаҳру ноҳияҳо, бахусус пойтахти кишвар ба куллӣ дигар гашт. Ҳанӯз дар оғози давлатдории навин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати табдил додани Тоҷикистон ба кишвари тараққикардаву аз ҳар ҷиҳат пешрафта баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқавориро ба ҳайси се ҳадафи стратегӣ дурнамои фаъолияти дастаҷамъонаи аҳли мамлакат муқаррар намуданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи хурсандӣ, рӯзи расидан ба ормонҳои миллӣ –истиқлолияти комили энергетикӣ наздик омад ва ба ин сана соатҳои башумор боқӣ монд. Пагоҳ, 16 ноябр дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон агрегати нахустини НБО «Роғун» ба истифода дода мешавад.












Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?






