Дар Душанбе Конгресси миллии шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд баргузор мегардад

Ноябрь 30, 2018 10:25

ДУШАНБЕ, 30.11.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Аз 3 то 5 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе  бахшида ба Рӯзи байналмилалии шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд, ки ҳамасола  3 декабр дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад,  Конгресси миллии шахсони маъюби Тоҷикистон баргузор мегардад. 

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон хабар доданд,  ҳамоиши мазкур тӯли се рӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва шарикони рушд дар Маркази исмоилия баргузор гардида, дар кори он  аз тамоми манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя шахсони  маъюб ҷамъ омада, дастовардҳои намоёни худро муаррифӣ мекунанд.  Ҳамчунин  дар кори конгресс як зумра масъалаҳои вобаста ба шахсони маъюб баррасӣ мегарданд.

Бино ба иттилои манбаъ, инчунин дар чаҳорчӯби Конгресс байни духтарони маъюб аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ озмуни «Бонуи мустақил – 2018»  гузаронида мешавад. Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иҷимоии  занон дар ҷомеа ва пешгирии хушунат нисбат ба онҳо доир мегардад.

Зикр карда шуд, ки дар доираи Конгресс бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоишгоҳи ҳунарҳои дастии миллие, ки аз тарафи шахсони маъюб тайёр шудаанд, гузаронида мешавад.

 

Ноябрь 30, 2018 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад