Дар ноҳияҳои Рашту Лахш бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоии ҷавонон баргузор гардид
ЛАХШ, 23.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маркази ноҳияи Лахш ва ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоӣ баргузор гардид. Дар ин ҷамъомадҳои бошукӯҳ қариб 4 ҳазор нафар сокинон бо шумули кормандони идораву муассисаҳо, собиқадорони меҳнат ва хонандагону донишҷӯён иштирок намуда, бо парчамҳои хурду бузург, аксҳои Пешвои миллат ва Қаҳрамонони Тоҷикистон масофаи 3 километр роҳро паймуданд.
Дар ин ҳамоишҳои идона масъулин, омӯзгорону аҳли адабу фарҳанг ва ҷавонон оид ба нақши Парчами давлатӣ дар таҳкими давлатдории тоҷикон, ифтихор аз арзишҳои миллати куҳанбунёд ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ сухан гуфта, садоқати бепоёни худро ба Пешвои муаззами миллат изҳор карданд ва таҳти шиорҳои «Пайравони Пешвои миллатем!» ва «Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз!» шеърҳо қироат намуда, овозхону мутрибони дастаҳои ҳунарии ин ноҳияҳо табъи ҳозиринро бо суруду оҳангҳои дилнишин шод гардониданд.
Зикр шуд, ки Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ маънои самимона дӯст доштани Ватани маҳбуб-Тоҷикистон, арҷ гузоштан ба муқаддасоти он ва эҳтиром ба ҳар ваҷаб замину ҳар қатра оби зулоли онро дорад. Пос доштани муқаддасоти миллӣ ва ифтихор аз онҳо вазифаи ҷонии ҳар як тоҷикистонӣ ба шумор меравад, зеро зиндагӣ дар зери ливои ваҳдату сулҳу субот ва парафшонии парчами давлати соҳибистиқлол барои миллати тоҷик бахту иқболи баланд ба шумор меравад.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






