Дар ноҳияи Балҷувон оид ба пешгирии сироятёбӣ аз бемориҳои ВИЧ/СПИД мулоқот доир гардид
БАЛҶУВОН, 27.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Балҷувон дар асоси нақшаи тадбирҳои Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вохӯрии гурӯҳи кории ҳукумати вилояти Хатлон бо сокинон баргузор гардид.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуб байни ҷавонон, аз ҷумла нашъамандӣ, сироятёбӣ аз бемориҳои ВИЧ/СПИД, пӯшидани либосҳои ба фарҳанги миллии мо бегона, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, танзими ҷашну маросим, роҳ надодан ба зиёдаравиҳо ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки мутаассифона, то ҳанӯз миёни ҷавонон амалҳои номатлуб дида мешаванд, яъне ҳоло ҳам маърифати сиёсии ҷавонони мо дар зинаи паст қарор дошта, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба талабот ҷавобгӯ нест. Барои пешгирии ин гуна амалҳо мебояд аҳли ҷомеа дар якҷоягӣ бо мактаб ва падару модарон кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Зикр гардид, ки имрӯз зарур аст дар байни аҳолӣ ҳарчи бештар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, зиракии сиёсии ҷавононро баланд бардорем, инчунин талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таълиму тарбияи фарзанд ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро риоя намоем.
Муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Қумриниссо Сангалиева иброз дошт, ки имрӯз бемории Вируси норасоии масунияти одам ва мубталошавии сокинон ба он масъалаи рақами як маҳсуб мешавад, зеро он хеле хатарнок аст. Гуфта шуд, ки баҳри пешгирии ин беморӣ дар ҷумҳурӣ барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд ва кор дар ин самт идома дорад.
Масъалаи қабл аз хонадоршавӣ аз муоинаи тиббӣ гузаштани ҷавонон низ зимни мулоқот баррасӣ шуд. Даст задани ҷавонон ба нашъамандӣ масъалаи дигаре буд, ки дар ин мулоқот матраҳ гардид.
Тибқи омор, хушбахтона, дар ноҳияи Балҷувон бемориҳои сироятӣ хеле кам ба қайд гирифта шудаанд ва дар оянда бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ бояд пайдоиш ва паҳншавии ин бемориҳо пешгирӣ карда шавад.
Дар вохӯрӣ аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки дар пешгирии ин бемориҳои марговару хатарнок ва сари вақт ошкор намудани сироятшудагон бо мақомоти масъул ҳамкории зич ба роҳ монанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






