Дар ноҳияи Тоҷикобод барои 120 нафар кӯдакистони «Парасту» ба истифода дода шуд
ТОҶИКОБОД, 19.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони ноҳияи Тоҷикобод бо як ҳамоиши бузург бо бардоштани шиору овезаҳо ва аксҳои таърихии Пешвои миллат ба кор оғоз кардани агрегати якуми иншооти тақдирсози кишвар — Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол намуданд.
Дар ин рӯз бо иштироки раиси ноҳия Нодираи Маҳмадисо, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазири кишоварзӣ Нусратулло Мусоев ва кормандони ҳифзи ҳуқуқу ташкилоту муассисаҳои ноҳия бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ маҷлиси тантанавӣ доир гардид.
Зикр шуд, ки ба истифода додани аввалин агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» рӯйдоди таърихӣ ва рамзӣ мебошад. Зеро бунёди ин иншооти бузург ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии зиёд дорад.
Ҳамчунин ба ифтихори бакорандозии агрегати аввалини неругоҳи «Роғун» дар ноҳияи Тоҷикобод кӯдакистони «Парасту» барои 120 нафар кӯдак мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинои кӯдакистон аз ду ошёна иборат буда, дорои 6 синфхона, 6 ҳуҷраи хоб, маҷлисгоҳ, ошхона ва иншооти ёрирасон мебошад. Он ба маблағи 5 миллиону 100 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






