Дар шаҳри Ваҳдат корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш ба истифода дода шуд

Ноябрь 23, 2018 11:00

ДУШАНБЕ, 23.11.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш дар назди Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии ёрирасони Канаск»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар»  хабар доданд,   дар маросими ифтитоҳи он  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, роҳбарони ноҳия ва намояндагони мақомоти дахлдор   иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки дар  корхонаи мазкур зиёда аз ҳафт намуди гиёҳҳои дорувории ватанӣ коркард ва бастубанд гардида, ба аҳолӣ пешкаш карда мешаванд.

Директори Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии ёрирасони «Канаск» Бобишо Азиззода  иброз дошт, ки «бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  ҳангоми сафари корӣ ба мавзеи «Канаск» моҳи августи соли 2017  дода буданд,  имрўз дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ корхонаи коркарди бандубасти гиёҳҳои шифобахш ба истифода дода шуд. Дар он 12 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд».

 

Ноябрь 23, 2018 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад