Дар ноҳияи Ванҷ нахустин боғи интенсивӣ бунёд мешавад
ХОРУҒ, 22.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аҳли хоҷагии деҳқонии «Эҳсон»-и ноҳияи Ванҷ бори аввал ба таври таҷрибавӣ ба бунёди боғи интенсивӣ дар домани кӯҳ оғоз карданд. Сарвари ин хоҷагӣ Ҳимматбек Неъмонов гуфт, ки «соли 2009 онҳо дар деҳаи Бовуд аз пасандози оилаашон дар масоҳати 4 гектар боғ бунёд ва ду соли пеш ба ҷамъоварии ҳосили он шурӯъ карданд.
Дар пайдо кардани харидорон ҳеҷ мушкиле пеш наомад. Ҳосили аввали боғ зуд ба фурӯш рафт. Соли дуюм зарурати ба бозор баровардани маҳсулот аз байн рафт. Зеро худи соҳибкорони маҳаллӣ ва тоҷирон аз вилоятҳои Суғду Хатлон пешакӣ ба назди мо омада, дар бораи хариди маҳсулот шартнома бастанд».
Сардори хоҷагии мазкур мегӯяд, ки баъди гирифтани даромади хуби молӣ қарор доданд, ки масоҳати боғотро васеъ кунанд. Аммо дар деҳа замини бекорхобида набуд. Аз ин рӯ бо тавсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва олимони Академияи кишоварзии ҷумҳурӣ дар як замини бекорхобида ва нокорами деҳаи Ҷангалак, ки дар домани кӯҳ ҷойгир аст, ба бунёди боғи интенсивӣ машғул шуданд.
Бо харҷи бештар аз 150 ҳазор сомонӣ ба ин кӯҳдоман роҳи мошингузар бароварда шуда, зинапояҳо сохта шуданд. Тамоми таҷҳизоти зарурӣ, ба мисли симтӯр, қубурҳо ва зарфҳои пластикӣ барои захираи об дастрас гардиданд. Онҳо ният доранд, ки баҳори соли оянда ба шинонидани дарахтон сар кунанд.
Сардори бахши кишоварзии ноҳия Азорабек Солеҳов гуфт, ки «ба иллати камобӣ сокинони деҳа ба бунёд кардани боғ дар доманакӯҳ ҷуръат намекунанд. Аммо маконеро, ки аъзои хоҷагии «Эҳсон» интихоб кардаанд, бо ду тарз обёрӣ кардан мумкин аст. Яке ба воситаи оби лозар ё барфоб, ки то моҳи июл мерасад. Баъде ки оби лозар ба охир мерасад, боғдорон обро ба воситаи насосҳои обкаш аз рӯдхонаи Ванҷоб ба домани кӯҳ интиқол медиҳанд. Ин аввалин боғи интенсивӣ дар ноҳия аст ва баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанаш боғдорони дигари ноҳия ҳам бо истифода аз таҷрибаи аъзои хоҷагии «Эҳсон» ба бунёди чунин боғҳо шурӯъ хоҳанд кард».










Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






