Дар ноҳияи Ванҷ нахустин боғи интенсивӣ бунёд мешавад

Ноябрь 22, 2018 16:57

ХОРУҒ, 22.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аҳли хоҷагии деҳқонии «Эҳсон»-и ноҳияи Ванҷ бори аввал ба таври таҷрибавӣ ба бунёди боғи интенсивӣ дар домани кӯҳ оғоз карданд. Сарвари ин хоҷагӣ Ҳимматбек Неъмонов гуфт, ки «соли 2009 онҳо дар деҳаи Бовуд аз пасандози оилаашон дар масоҳати 4 гектар боғ бунёд ва ду соли пеш ба ҷамъоварии ҳосили он шурӯъ карданд.

Дар пайдо кардани харидорон ҳеҷ мушкиле пеш наомад. Ҳосили аввали боғ зуд ба фурӯш рафт. Соли дуюм зарурати ба бозор баровардани маҳсулот аз байн рафт. Зеро худи соҳибкорони маҳаллӣ ва тоҷирон аз вилоятҳои Суғду Хатлон пешакӣ ба  назди мо омада, дар бораи хариди маҳсулот шартнома бастанд».

Сардори хоҷагии мазкур мегӯяд, ки баъди гирифтани даромади хуби молӣ қарор доданд, ки масоҳати боғотро васеъ кунанд. Аммо дар деҳа замини бекорхобида набуд. Аз ин рӯ бо тавсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва олимони Академияи кишоварзии ҷумҳурӣ дар як замини бекорхобида ва нокорами деҳаи Ҷангалак, ки дар домани кӯҳ ҷойгир аст, ба бунёди боғи интенсивӣ машғул шуданд.

Бо харҷи бештар аз 150 ҳазор сомонӣ ба ин кӯҳдоман роҳи мошингузар бароварда шуда, зинапояҳо сохта шуданд. Тамоми таҷҳизоти зарурӣ, ба мисли симтӯр, қубурҳо ва зарфҳои пластикӣ барои захираи об дастрас гардиданд. Онҳо ният доранд, ки баҳори соли оянда ба шинонидани дарахтон сар кунанд.

Сардори бахши кишоварзии ноҳия Азорабек Солеҳов гуфт, ки «ба иллати камобӣ сокинони деҳа ба бунёд кардани боғ дар доманакӯҳ ҷуръат намекунанд. Аммо маконеро, ки аъзои хоҷагии «Эҳсон» интихоб кардаанд, бо ду тарз обёрӣ кардан мумкин аст. Яке ба воситаи оби лозар ё барфоб, ки то моҳи июл мерасад. Баъде ки оби лозар ба охир мерасад, боғдорон обро ба воситаи насосҳои обкаш  аз рӯдхонаи Ванҷоб ба домани кӯҳ интиқол медиҳанд. Ин аввалин боғи интенсивӣ дар ноҳия аст ва баъди  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанаш боғдорони дигари ноҳия ҳам бо истифода аз таҷрибаи аъзои хоҷагии «Эҳсон» ба бунёди чунин боғҳо шурӯъ хоҳанд кард».

 

 

Ноябрь 22, 2018 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид