Дар Пекин ба муносибати фаъолияти агрегати якуми НБО-и «Роғун» ҳамоиши донишҷӯён баргузор гардид

Ноябрь 20, 2018 16:33

ДУШАНБЕ, 20.11.2018 /АМИТ /. Дирӯз бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ассотсиатсияи донишҷӯёни тоҷикистонии Донишгоҳи тиҷорати байналмилалӣ ва иқтисод ба ифтихори ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иштироки зиёда аз 100 нафар донишҷӯёни тоҷик, меҳмонони аз Тоҷикистон омада ва дигар ҳамватанон Форуми донишҷӯёни тоҷикистонии донишгоҳҳои олии шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор даромадани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» – ин рӯйдодҳои сарнавиштсоз табрик намуд. Парвиз Давлатзода зимни сухани табрикотӣ нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими сулҳу суботи ҷомеа, давлатсозиву давлатдорӣ, комёбиҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва эътибори рӯзафзуни кишвар дар арсаи байналмилалӣ зикр намуд.

Таъкид карда шуд, ки дастовардҳои миллӣ баъд аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза гирифтанд ва  талошҳои роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» баҳри расидан ба ҳадафи стратегӣ – истиқлолияти  энергетикии Тоҷикистон ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар бахши ҳамкорӣ дар соҳаи об аҳамияти таърихӣ доранд.

Ҳамзамон ба донишҷӯён таваҷҷуҳу ғамхории роҳбарияти давлат ва ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон, ватандӯсту ватанпараст ва сазовори боварии боэътимоди роҳбари давлат ва ҳукумати кишвар будани онҳо, дониш андӯхтану аз худ кардани технологияҳои муосир баҳри саҳмгузорӣ дар рушди Ватан, ҳушдорӣ ҷиҳати худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир нигоҳ доштан, риояи қонуну қоидаҳои кишвари иқомат ва эҳтироми расму ойини он таъкид карда шуд.

Дар  ҷамъомад донишҷӯёни тоҷикистонии шаҳри Пекин оид ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, сабабу заминаҳо барои ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Конситутсияи Тоҷикистон, зарурати иқтисодиву иҷтимоии ба анҷом расонидани сохтмони НБО-и «Роғун» маърӯза ва презентатсияҳо карданд.

Баъд аз маърӯзаҳо ба иштироккунандагон филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ», ки дар он бо далелҳои муътамади таърихӣ дар бораи кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти кишвар қисса карда мешавад, инчунин навори видеоии маросими тантанавии ба кор дароварда шудани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» намоиш дода шуданд.

Дар Форум бо ризоияти умумӣ Муроҷиати донишҷӯёни тоҷикистонии донишгоҳҳои таҳсилоти олии шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин бахшида ба баистифодадиҳии агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» қабул гардид.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода форумро ҷамъбаст намуда, ба ҳозирин ва фаъолон изҳори сипос намуд. Донишҷӯёни фаъол ва меҳмонон бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ноябрь 20, 2018 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
Дар Тошканд ҷаласаи машваратии давлатҳои наздисоҳилӣ доир ба маблағгузории устувори лоиҳаи НБО «Роғун» баргузор гардид
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафтанд
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Мутахассисони соҳаи энергетикаи Қирғизистон бо Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»