Дар Пекин ба муносибати фаъолияти агрегати якуми НБО-и «Роғун» ҳамоиши донишҷӯён баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 20.11.2018 /АМИТ /. Дирӯз бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ассотсиатсияи донишҷӯёни тоҷикистонии Донишгоҳи тиҷорати байналмилалӣ ва иқтисод ба ифтихори ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иштироки зиёда аз 100 нафар донишҷӯёни тоҷик, меҳмонони аз Тоҷикистон омада ва дигар ҳамватанон Форуми донишҷӯёни тоҷикистонии донишгоҳҳои олии шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор даромадани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» – ин рӯйдодҳои сарнавиштсоз табрик намуд. Парвиз Давлатзода зимни сухани табрикотӣ нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими сулҳу суботи ҷомеа, давлатсозиву давлатдорӣ, комёбиҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва эътибори рӯзафзуни кишвар дар арсаи байналмилалӣ зикр намуд.
Таъкид карда шуд, ки дастовардҳои миллӣ баъд аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза гирифтанд ва талошҳои роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» баҳри расидан ба ҳадафи стратегӣ – истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар бахши ҳамкорӣ дар соҳаи об аҳамияти таърихӣ доранд.
Ҳамзамон ба донишҷӯён таваҷҷуҳу ғамхории роҳбарияти давлат ва ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон, ватандӯсту ватанпараст ва сазовори боварии боэътимоди роҳбари давлат ва ҳукумати кишвар будани онҳо, дониш андӯхтану аз худ кардани технологияҳои муосир баҳри саҳмгузорӣ дар рушди Ватан, ҳушдорӣ ҷиҳати худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир нигоҳ доштан, риояи қонуну қоидаҳои кишвари иқомат ва эҳтироми расму ойини он таъкид карда шуд.
Дар ҷамъомад донишҷӯёни тоҷикистонии шаҳри Пекин оид ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, сабабу заминаҳо барои ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Конситутсияи Тоҷикистон, зарурати иқтисодиву иҷтимоии ба анҷом расонидани сохтмони НБО-и «Роғун» маърӯза ва презентатсияҳо карданд.
Баъд аз маърӯзаҳо ба иштироккунандагон филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ», ки дар он бо далелҳои муътамади таърихӣ дар бораи кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти кишвар қисса карда мешавад, инчунин навори видеоии маросими тантанавии ба кор дароварда шудани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» намоиш дода шуданд.
Дар Форум бо ризоияти умумӣ Муроҷиати донишҷӯёни тоҷикистонии донишгоҳҳои таҳсилоти олии шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин бахшида ба баистифодадиҳии агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» қабул гардид.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода форумро ҷамъбаст намуда, ба ҳозирин ва фаъолон изҳори сипос намуд. Донишҷӯёни фаъол ва меҳмонон бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ — 35 СОЛИ ШУКУФОӢ БО НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН». Таҳти чунин унвон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд
Дар бунёди неругоҳи «Роғун» 20 ҳазор коргарону кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд
Моҳи сентябри соли 2027 агрегати рақами 4-и неругоҳи «Роғун» ба истифода дода мешавад






