Дар шаҳри Душанбе Фестивали «Оши палав» баргузор гардид

Ноябрь 10, 2018 12:12

ДУШАНБЕ, 10.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Фестивали «Оши палав»  баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Шукӯҳи ДАЛЕР аз ҷараёни фестивали мазкур иттилоъ медиҳад,  чорабинии мазкур бо ташаббуси  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он зиёда аз 200 нафар  ошпазони  беҳтарин аз гӯшаву канори мамлакат ҷамъ омада,  маҳорати таббохии худро пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт  намуданд.

Ҳамчунин дар доираи баргузории фестивали мазкур баҳри хушҳолии иштирокдорон барномаи консертӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил карда шуд.

Мақсад аз баргузории Фестивал- муаррифии фарҳанги дастурхондорӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик дар доираи таҷлили Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Мардуми тоҷик аз қадим бо фарҳангу маданият, маҳорати хос, кадбонуҳои ҳунарманд ва таомҳои бисёр болаззати миллӣ дар минтақа ва ҷаҳон машҳур аст. Шӯҳрати ҷаҳонии кишвари мо баъди аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани забон, таърих, фарҳанг, маданият, расму оинҳои қадимаи аҷдодӣ, оинҳои неки башардӯстӣ ва дигар арзишҳои муқаддаси сарзамини бостонӣ афзун шуд.

Ин буд, ки   бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ номинатсияи «Оши палав»-и тоҷикон дар қатори беҳтарин намунаҳои фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ сабти ном гардид.

Ниёгони мо,  тоҷикон бар он назаранд, ки оши палав хӯроки анъанавӣ буда, дар байни халқамон маҳбубияти хос дорад. Ба ин хотир онро «маҳбубтарин хӯрок» ва бештар аз ҳама «шоҳи таомҳо» меноманд.

«Одатан ҷашну маросим ва нишастҳои тоҷикон бе оши палав намегузарад. Вақте ки ба хонаи мо меҳмон меояд, мизбон муваззаф мешавад, ки баҳри иззати ӯ оши палав пазад», — омадааст дар китоби «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон».

Маъмулан барои пухтани оши палав сабзӣ, биринҷ, гӯшт, равған, пиёз ва обу намак истифода мекунанд. Инчунин мувофиқи табъ ва хоҳиш ба он нахӯд, зира, заъфарон, сирпиёз, биҳӣ, мурч, зелол, лиму ва дигар давоҳои хуштамъкунанда илова карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки номинатсияи оши палав аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба таври мустақил ба Юнеско пешниҳод гардида, ҳарду давлат сертификати алоҳида ба даст овардаанд.

Муҳаққиқон бар он назаранд, ки фарҳанги оши палав ҳам дар мо ва ҳам дар ӯзбекон тақрибан монанд аст ва ҳар кадом кишвар ба тариқи мустақил ин хӯрокро пешниҳод карда, соҳиби сертификати Юнеско гардид.

Тибқи иттилои коршиносони тоҷик,  дар сарчашмаҳои таърихӣ беш аз 50 навъи палав оварда шудааст ва  палави тоҷикӣ аз палавҳои эронӣ, туркӣ ва ҳиндӣ фарқ мекунад.  Ҳоло ошпазони касбии тоҷик 130 навъи палавро пухта метавонанд.

Бояд гуфт, ки баргузории  Фестивали  «Оши палав» дар  густариши фарҳанги миллӣ, аз ҷумла фарҳанги оши палав   мусоидат мекунад. Ошпазон  дар ҳаҷми 250 кг биринҷ, 200 кг гӯшт, 40 литр равғани зағер, 50 литр равғани офтобпараст, 30 кг пиёз, 1 кг зира, 1 кг мурч, 5 кг мавиз ва 1 кг ғураи зелол ( барбарис) оши палав омода намуданд.

Барои болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор карда шуд.

Ноябрь 10, 2018 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад