Дар Тоҷикобод таҳти унвони «Конститутсия- қонуни сарнавиштсози миллат» конференсияи илмию назариявӣ доир гардид

Ноябрь 3, 2018 12:02

ТОҶИКОБОД, 03.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Конститутсия- қонуни сарнавиштсози миллат» — таҳти чунин унвон дар ноҳияи Тоҷикобод бахшида ба 24-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони ҳифзи ҳуқуқ, аҳли илму адаб ва хизматчиёни давлатӣ Конференсияи илмию назариявӣ баргузор гардид. 

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар конференсия роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва омӯзгорону аҳли зиёи ноҳия дар мувзӯъҳои «Конститутсия-кафили рушди сайёҳӣ», «Конститутсия- шаҳодатномаи соҳибистиқлолии миллат»,  «Конститутсия- санади муқаддасу тақдирсози миллати тоҷик» маърӯза  намуданд.

Прокурори ноҳияи Тоҷикобод Муҳаммадсаид Насимзода гуфт, ки «давоми солҳои соҳибистиқлолӣ давлати ҷавони мо ба мушкилиҳо нигоҳ накарда, дар пешрафти босуръати соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба муваффақиятҳои калон ноил гардида, дар ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор ва боварибахш гузошт. Конститутсияи мо манфиатҳои олии миллат, анъанаҳои пурғановати таърихию фарҳангии халқамонро таҷассум намуда, дастовардҳо ва адолати иҷтимоиро дар ҷомеа таъмин намуд. Маҳз ҳамин арзишҳои бузурги Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки халқи тоҷик баъди ҳазор сол давлати мустақилу соҳибихтиёр барпо намуда, ба субъекти мустақил, фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфт».

Дар ин рӯзҳо дар ноҳияи Тоҷикобод бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони ноҳия, пойдории волоияти қонун ва таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд  дар муассисаҳои таълимӣ ва ҷамоатҳои деҳот бахшида ба ин санаи тақдирсоз бо иштироки аҳли адабу фарҳанг вохӯриҳо доир гардида истодаанд.

Ноябрь 3, 2018 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад