Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ-2018 иштирок мекунад

Ноябрь 21, 2018 09:00

ДУШАНБЕ, 21.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз  23 ноябр то 1 декабри соли равон дар шаҳри Тошканд Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ-2018 (CAFA) доир мегардад. Дар чемпионати мазкур  дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол бо роҳбарии сармураббӣ Сулаймон Бобокалонов ширкат мекунад.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ-2018  5 дастаи бонувон аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Эрон иштирок намуда, байни ҳам рақобат мекунанд.

Аз рӯи низомнома, чемпионати CAFA миёни бонувон тибқи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор шуда, ғолиб дастае интихоб мегардад, ки холи бештар ба даст оварад.

Бояд ёдовар шуд, ки чанде пеш дар шаҳри Тошканд чемпионати CAFA миёни наврасони то 16-сола баргузор шуд ва дар он Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҷои сеюмро ишғол кард.

 

Ноябрь 21, 2018 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд