ДЗЮДО: ду варзишгари ҷавони тоҷик дар Ҷоми Осиё иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 29.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар Мусобиқаи анъанавии Ҷоми Осиё оид ба дзюдо, ки 1-2 декабр дар шаҳри Гонконг баргузор мешавад, иштирок мекунанд.
Тавре аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур иштироки 232 нафар варзишгарон (135 мард, 97 зан) аз 29 давлати дунё дар назар аст. Аз ҷумҳурии мо дар ин мусобиқа ду варзишгар – Сомон Маҳмадбеков ва Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -73кг иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки 1 декабр қувваозмоиҳо аз рӯи категорияҳои вазнии -48 кг, -52 кг, -57 кг, -63 миёни бонувон, -60 кг, -66 кг, -73 кг миёни мардҳо сурат мегиранд.
Дар рӯзи дуюм қувваозмоиҳои варзишгарони вазни -70 кг, -78 кг, +78 кг миёни бонувон, -81 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардҳо баргузор мегардад.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






