ФУТБОЛ: дастаи «Панҷшер» дар Лигаи олӣ боқӣ монд

Ноябрь 23, 2018 09:30

  ДУШАНБЕ, 23.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар  варзишгоҳи ба номи Уктам Маматови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ байни  дастаҳои  футболи  «Панҷшер»  ва  «Эсхата»   бозии ҷавобӣ    баргузор шуд. Дар ин вохӯрии ҷолиб дастаи футболи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ   дастаи  футболи  «Эсхата»и  шаҳри  Хуҷандро бо ҳисоби   калони  5:2  мағлуб намуд.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд,  голҳои бозиро Ҷурабой Исоев,  Хайриддин Турахонов,   Алишер Салимов,   Алишери Ҳотам ва  Саидакбар Юнусов   ба нишон расониданд

Ёдовар мешавем, ки  дастаи  футболи  «Панҷшер»-и  Ҷалолиддини Балхӣ  дар  даври  аввал низ  дастаи футболи  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро дар  назди  мухлисонаш бо таносуби 6:2 мағлуб намуда буд.

Ҳамин тариқ, дастаи футболи «Панҷшер» бо эътино ба натиҷаи ду бозӣ дар маҷмӯъ бо ҳисоби калони 11:4 пирӯз омада, дар Лигаи  олии футболи тоҷик боқӣ монд.

Ноябрь 23, 2018 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд