Футбол: қуръакашии марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 анҷом ёфт

Ноябрь 8, 2018 09:06

ДУШАНБЕ, 8.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Чемпионати Осиё-2020  дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон шомили гурӯҳи «F» шуда, бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони  Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон рақобат мекунад.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд,  7  ноябр дар дафтари кории Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала-Лумпур маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Чемпионати Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 23 сола баргузор шуд.

Дар марҳилаи муқаддамотии мусобиқа 44 даста аз 11 гурӯҳ баромад мекунанд. Дар минтақаи ғарбӣ 6 гурӯҳ ва дар минтақаи шарқӣ 5 гурӯҳ иштирок мекунанд. Бозиҳои марҳилаи муқаддамотӣ аз 22  то 26  март дар  шаҳри Тошканд баргузор мешаванд. Ғолибони 11 гурӯҳ ва боз 4 дастаи дигар, ки дар гурӯҳҳои хеш нишондоди беҳтарин доранд, ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020, ки аз 8  то 26  январи соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад, роҳхат ба даст меоранд.

Ёдовар мешавем, ки се дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё-2020 роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро соҳиб мешаванд.

Қуръакашии марҳилаи муқаддамотӣ:

Минтақаи ғарб:

Гурӯҳи «А»: Қатар (мизбон), Уммон, Непал, Афғонистон.

Гурӯҳи «В»: Фаластин, Баҳрайн (мизбон), Бангладеш, Шри-Ланка.

Гурӯҳи «С»: Ироқ, Эрон (мизбон), Туркманистон, Яман.

Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ (мизбон), АМА, Лубнон, Малдив.

Гурӯҳи «Е»: Урдун, Сурия, Қирғизистон, Қувайт (мизбон).

Гурӯҳи «F»: Ӯзбекистон (мизбон), Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон.

Минтақаи шарқ:

 Гурӯҳи «G»: ҶХДК, Гонконг, Сингапур, Муғулистон (мизбон).

Гурӯҳи «Н»: Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Камбоҷа (мизбон), Тайбэйи Чин.

Гурӯҳи «I»: Япония, Мянма (мизбон), Тимори Шарқӣ, Макао.

Гурӯҳи «J»: Малайзия (мизбон), Чин, Лаос, Филиппин.

Гурӯҳи «К»: Ветнам (мизбон), Таиланд, Индонезия, Бруней.

 

 

Ноябрь 8, 2018 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд