Хонандагони деҳаи Оқмамади ноҳияи Шуғнон баъди таътили тирамоҳӣ таҳсилро дар бинои нав идома медиҳанд

Ноябрь 9, 2018 08:35

ХОРУҒ, 09.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони муассисаи таҳсилоти асосии рақами 53 деҳаи Оқмамади ноҳияи Шуғнон бори сеюм аст, ки макони таҳсили худро иваз мекунанд.

Ба гуфтаи директори ин муассисаи таълимӣ Баргигул Давроншоева, «бинои кӯҳнаи мактаб аввали солҳои шастуми асри гузашта ба тарзи  ҳашар сохта шуда буд. Вале он ба боронгариҳои пай дар пай, ки хоси минтақаи мост, тоб наоварда, аввали солҳои 2000  дару девораш хароб ва бомаш фурӯ рафт. Дар муддати даҳ сол хонандагон дар хонаи хусусӣ таҳсил мекарданд. Соли 2016 Сафорати Амрико дар асоси шартнома бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтмони бинои нави таълимӣ шурӯъ кард. Акнун баъди ба поён расидани таътили тирамоҳӣ хонандагон таҳсили худро дар бинои нави замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо асбобу анҷоми муосири таълимӣ оғоз хоҳанд кард».

Сарвари Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди  «Стар групп» Носир Муҳиддинов гуфт, ки  «Сафорати Амрико барои бунёди ин таълимгоҳ зиёда аз 4 миллион сомонӣ ҷудо намуд ва бинокорон давоми ду сол сохтмони онро ба анҷом расониданд. Мо метавонистем дар муддати кӯтоҳтар бинои мазкурро бунёд кунем, аммо дар ҳақиқат зимистони ин мавзеъ хеле тӯлонӣ ва сард аст. Баъзан сардии ҳаво то ба 30 дараҷа хунукӣ мерасад. Агар  дар фасли зимистон ҳам корро идома медодем, шояд ҳавои сард ба сифати корҳо таъсири манфӣ мерасонд. Бинои таълимгоҳ аз 10 синфхона ва утоқи омӯзгорон иборат мебошад».

Ба иттилои мавсуф, ҳангоми бунёди бино ба тобоварии он ба зилзила, нигоҳ доштани гармӣ дар синфхонаҳо аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, дар вақти бунёди девору васл кардани дару тиреза аз маводи гарминигоҳдоранда истифода карда шуд.

Бояд гуфт, ки таълимгоҳи мазкур дорои маркази мустақили гармидиҳӣ мебошад, ки ҳам ба воситаи неруи барқ ва ҳам ба воситаи маводи сӯзишворӣ кор мекунад.

 

 

Ноябрь 9, 2018 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ