ХУШҚАДАМ ХУСРАВОВ СОҲИБИ МЕДАЛИ ТИЛЛОИ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ШУД! Пас аз Саидмӯъмин Раҳимов ва Беҳрӯз Хоҷазода ӯ дар таърихи Тоҷикистон сеюмин чемпиони ҷаҳон оид ба самбо гардид

Ноябрь 12, 2018 08:28

ДУШАНБЕ, 12.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Хушқадам Хусравов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки ин рӯзҳо дар Кохи варзиши «Sala Polivalenta»-и пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест ҷараён дорад, медали тилло ба даст овард.

Дар мусобиқаи ниҳоӣ Хушқадам Хусравов, ки дар вазни то 62 кг ҳунарнамоӣ мекард, аз рӯи хол бар варзишгари рус Руслан Богдасарян ғолиб омад.

Ҳамин тариқ, медали тиллои Х. Хусравов чорумин нишони  варзишгарони тоҷик дар ин чемпионат гардид. Чанде қабл Акмалиддин Каримов, Беҳрӯз Хоҷазода ва Сорбон Латифов ба дастаи Тоҷикистон медалҳои биринҷӣ оварданд.

Дар рӯзи аввали чемпионат варзишгарони тоҷик Ҷомӣ Ҳасан, Мустафо Ҳасанов, Комроншоҳи Устопириён ва Беҳрӯз Зуҳуров (самбои размӣ) аз ҳарифони худ шикаст хӯрда, имконияти идома додани ҳунарнамоиро аз даст доданд.

Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Носир Бозоров варзишгарони зерин шомил буданд: Ҷомӣ Ҳасан (то 52 кг), Акмалиддин Каримов (то 57 кг), Хушқадам Хусравов (то 62 кг), Мустафо Ҳасанов (то 68 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (то 74 кг), Зафар Олимшоев (то 82 кг), Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг), Муҳаммадризо Қурбонзода (то 100 кг), инчунин варзишгароне, ки дар мусобиқаҳо оид ба самбои размӣ иштирок намуданд – Сорбон Латифов (то 62 кг), Умедҷон Муҳиддинов (то 68 кг), Беҳрӯз Зуҳуров (то 74 кг) ва Солеҳ Ҳасанов (то 90 кг).

Хушқадам Хусравов дар таърихи Тоҷикистон сеюмин чемпиони ҷаҳон  оид ба самбо гардид. Аввалин маротиба варзишгари тоҷик Саидмӯъмин Раҳимов медали тиллои Чемпионати ҷаҳонро оид ба самбо моҳи сентябри соли 1975 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ба даст овард. Дастоварди ӯро моҳи ноябри соли гузашта дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия варзишгари 23-солаи тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода такрор намуд.

Хушқадам Хусравов

Ноябрь 12, 2018 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд