БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Таъсиси ниҳоди президентӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ: он бори аввал дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико арзи вуҷуд кардааст

Ноябрь 15, 2018 11:22

ДУШАНБЕ, 15.11.2018 /АМИТ «Ховар» /. Таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳ аст, ки дар низоми давлатдории аксари мамлакатҳои ҷаҳон Президент нақши ҳалкунанда дорад. Дар таҷрибаи давлатдории ҷаҳонӣ ниҳоди президентӣ чун яке аз намудҳои  сарварии давлат маъмул буда, таърихи беш аз дусадсола дорад.

Тавре аз истилоҳи «президент» бармеояд, дар силсиламаротиби соҳибмансабони давлатӣ президент мансабдори олии интихобии кишвар маҳсуб меёбад. Амалияи мазмуни муайяншударо нахуст дар таҷрибаи давлатдории беш аз дусадсолаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вохӯрдан мумкин аст. Таъсиси мансаби президент бо шакли раёсати ҷумҳуриявӣ тавъам буда, дар таҷрибаи давлатдории сатҳи ҷаҳонӣ таърихи худро касб намудааст.

Дар адабиёти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ оид ба ниҳоди президентӣ фикру мулоҳизаҳои зиёде мавҷуданд, ки зимни баррасии масъалаи мавриди таҳлил ишора мегарданд. Барои мисол, Б.П.Елисеев ниҳоди президентиро ҳамчун ниҳоди ҳуқуқии ҳамгироӣ муайян менамояд, ки мақсадаш аз ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ иборат аст.

Мутахассиси соҳаи идораи давлатӣ Х.О. Ойев ниҳоди президентиро падида ном бурда, зикр мекунад, ки падидаи «Президент» нахустзамина ва асоси бунёдии ташаккули ҳокимияти иҷроия дар низоми ҳокимияти давлатӣ мебошад.

Ба маънои дигар, А.С. Чесноков менависад, ки ниҳоди президентӣ низоми меъёрҳои конститутсионие мебошад, ки аз рӯи мазмун ва хусусият муайянкунандаи мақоми ҳуқуқии сарвари интихобшудаи давлат, танзимкунандаи вазъи он дар низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки тартиби интихоб, таъйин ва аз вазифа озод намуданро пешбинӣ менамояд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар сохтори идоракунии амалияи ҷумҳуриҳои Аврупо аз ибтидо ҷараёни ташаккули ҳокимияти иҷроия аз рӯи қолаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гузаронида мешуд. Дар марҳилаи  аввали давлатдории Амрико таваҷҷуҳ на танҳо ба ҳокимияти қонунгузорӣ, балки ҳокимияти иҷроия ва мақомоти намояндагӣ – Конгресси континенталӣ равона шуда буд. То он вақт сарвари давлати яккаҳукмрон пешбинӣ нашуда буд. Бинобар ин Конгресс аз ҳисоби аъзои худ Президентро интихоб менамуд, ки вазифаи он бо салоҳияти раисӣ кардан дар маҷлисҳо маҳдуд мешуд, яъне тибқи андешаи мутахассисони  соҳаи давлатшиносӣ, зуҳури вожаи «президент» ҳамчун падидаи ҳуқуқӣ аз таъсиси расмии ИМА чун давлати мустақил хеле пеш ба вуқӯъ омадааст.

Бо мурури замон сиёсатмадорони Амрико фаъолияти Конгрессро таҳлилу баррасӣ намуда, ба хулоса омаданд, ки зарурати таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба қонунгузорӣ ва иҷроия ба вуҷуд омадааст. Намояндагони конвенти конститутсионӣ, ки соли 1778 дар Филаделфия барои қабули Конститутсияи Федералии ИМА  ҷамъ омаданд, интихоби таърихиро байни ҳукумати идоракунии монархӣ ва ҷумҳуриявӣ матраҳ намуданд. Аксарияти амрикоиҳо, ки ба ҳокимияти монархии Британия хотима бахшида буданд, зидди ташкили ҳокимияти иҷроия дар шахсияти монарх буданд, гарчанде доираи салоҳиятҳояш маҳдуд буд. Дар доираи ташаккули ин шакли ҳокимияти давлатӣ ба анҷуман (конвент) шакли ҷумҳуриявӣ тавсия шуд, ки интихоб шудани шахсиятҳои мансабдорро пешбинӣ менамуд.

Баъди музокираҳои зиёд, таҳиягарони конститутсияи амрикоӣ бартариятро ба ҷорӣ кардани ниҳоди президентӣ доданд, пешниҳод ва тасдиқ намуданд, ки тибқи он ҳокимият дар салоҳияти идораи як шахси мансабдор, на ин ки якчанд нафар бошад. Ҳамин тавр, баъди таъсиси ҳокимияти иҷроияи федералии ИМА сараввал усули яккасардорӣ тасдиқ  ва ҷорӣ шуд. Дар таърихи давлатдории ҷаҳон бори аввал мансаби Президент чун мансаби давлатӣ дар ИМА соли 1787 ҳангоми қабули Конститутсияи ин кишвар таъсис дода шуд. Чунин номгузорӣ шудани сардори давлат на танҳо бо он робита дошт, ки Президент дар шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ муттаҳид шуда буд, балки дар аксарияти иёлоти Амрико низ роҳбарии ҳокимияти иҷроияро на  губернатор, балки Президент ба уҳда дошт.

Ҳамин тавр, ИМА нахустин давлати ҷаҳон буд, ки мансаби Президент дар он ҷо ба вуҷуд омада, дар шахсияти як нафар сардори давлат ва сардори ҳокимияти иҷроияро муттаҳид менамуд.  Ҷорҷ Вашингтон аввалин президент ва сарвари Ҳукумати ИМА таъйин шуд, ки ӯ дар арсаи давлатдории ҷаҳонӣ аввалин Президент, ходими давлатии амрикоӣ, доҳии он, падар-асосгузори Иёлоти  Муттаҳидаи Амрико   мебошад. Ӯ ҳамчунин сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳ ва қумандони иштирокчии ҷанг дар даврони ба даст овардани истиқлолияти Амрико ва асосгузори ниҳоди президентӣ дар солҳои 1789-1797 ба ҳисоб меравад. Ғайр аз ин, маҳз дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ниҳоди  президентӣ ҳамчун яке аз ниҳодҳои муҳими низоми давлатдории сиёсӣ ба вуҷуд омад. Дар фарқият аз дигар давлатҳои онвақта, ки ҳокимияти иҷроияашон дар якҷоягӣ хусусияти подшоҳӣ ва меросӣ дошт, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сардори давлатро дар рафти интихоботи умумираъйӣ интихоб менамуданд, ки ин таҷриба то имрӯз роиҷ аст.

Минбаъд дар оғози асри XIX аввалин давлатҳое, ки ба низоми муқарраршудаи президентӣ,  дар  давлатдории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таваҷҷуҳ зоҳир намуда буданд, давлатҳои Америкаи Лотинӣ ба ҳисоб мерафтанд. Баъдан  бо таъсири қудратнокии ҳамсарҳадони шимолӣ дар бисёр давлатҳои  Амрикои Ҷанубӣ низ мансаби президент таъсис дода шуд.

Дар Аврупо мансаби президент соли 1848 дар ду кишвари қитъа: Фаронса ва Швейтсария таъсис дода шуд. Дар як қатор мамлакатҳои аврупоӣ низоми идоракунии парлумонӣ ё  кабинетӣ тасдиқ карда шуда буд, ки дар он подшоҳ ҳамчун сардори давлат ҳисобида мешуд, аммо ҳокимияти иҷроия аз тарафи сарвазир ё ин ки девони вазирон  амалӣ карда мешуд. Дар ин ҳангом ҳукумат дар назди мақомоти қонунгузор ҷавобгар ба ҳисоб мерафт. То охири асри ХIХ дар дигар давлатҳои Аврупо (Осиё ва Африқо) ниҳоди президентӣ бартарият пайдо накарда, давлатдории подшоҳӣ амалӣ мегардид.

Дар асри ХХ инқилобҳо, ҷангҳои ҷаҳонӣ, барҳамхӯрии империяҳо ба ташкили давлатҳои соҳибихтиёр оварда расонд. На ҳамаи давлатҳои онвақта ҷумҳуриҳои президентӣ шуданд, аммо дар бештари онҳо мансаби президентӣ дар давлат таъсис дода шуда буд.

Дар Аврупо баъди хотимаи ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар Австрия, ҷумҳурии Веймар, Чехословакия, Полша, Эстония, Литва, Латвия, Туркия мансаби Президент таъсис дода шуда, Президент ҳамчун шахси мансабдори олӣ маҳсуб меёфт. Дар солҳои 30-40 асри ХХ ниҳоди президентӣ дар манотиқи Шарқи Наздик ва Осиё низ зуҳур намуд, ки ин тарҳро Филиппин, Сурия, Лубнон  ҷонибдорӣ намуданд. Баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба шумораи давлатҳое, ки президент сардорӣ менамуд, Итолиё, Юнон, Португалия, Исландия ва Малта дохил шуданд. Сонитар дар давлатҳои қораи (қитъаи) Осиё мансаби Президентро дар Кореяи Ҷанубӣ, Ветнами Ҷанубӣ, Тайван, Ҳиндустон, Покистон, Бангладеш, Ироқ, Эрон, Афғонистон қабул доштанд.

Бояд тазаккур дод, ки аз ҳама бештар шакли идоракунии президентӣ дар Африқо паҳн шуда буд. Ин тарҳ дар охири солҳои 50-ум ва аввали солҳои 60-уми асри ХХ ибтидо гирифта буд, ки айни ҳол қариб  дар тамоми давлатҳои африқоӣ Президент сардори давлат мебошад. Бояд зикр кард, ки мансаби президентӣ на танҳо дар давлатҳои капиталистӣ ва тараққиёфта, балки ба давлатҳои собиқ лагерӣ сотсиалистӣ, ба монанди Ҷумҳурии Федеративӣ-Сотсиалистии Югославия, Ҷумҳурии Сотсиалистии Чехословакия, Ҷумҳурии Сотсиалистии Руминия, Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея таъсири худро гузошт.

Таҳлили таҷрибаи мамолики хориҷии дорои шакли ҷумҳуриявӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар амалия шаклҳои гуногуни мавқеи ниҳоди президент дар низоми идоракунии ҳокимияти давлатӣ ва мушаххасан дар тамос бо ҳокимияти иҷроия созмон ёфтаанд; президент-сардори давлат (масалан, Германия); президент-сардори давлат ва ҳам сардори ҳокимияти иҷроия; (масалан, ИМА); президент-сардори давлат ва роҳбари воқеии ҳукумати кишвар (масалан, Франсия). Дар ҳар се тарҳи номбурда президент чун сардори давлат тавсиф меёбад, вале фарқияти муайянкунанда дар нақши президент мавриди тамос бо ҳокимияти иҷроия зоҳир мегардад.

Шаклҳои маъмули ниҳоди президентиро ба ибораи дигар, шартан модели аврупоӣ, амрикоӣ ва фаронсавӣ номидан мумкин аст.

Бояд гуфт, ки аввалин санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар ин самт «Низомномаи Вирҷиния» аз соли 1618 ба ҳисоб меравад, ки анъанаҳои муборизаи дуру дарози мардуми англисро барои  озодиҳои сиёсӣ таҷассум намуд.

Аммо аз нуқтаи назари тавсифи конститутсионӣ як гурӯҳ олимони соҳа, аз ҷумла дар Россия сарварони давлатро дар миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба чор гурӯҳ ҷудо намудаанд. Масалан, дар Россия, Украина, Молдова, Беларус президент  ҳамчун сарвари давлат мебошад. Лекин дар Озарбойҷон, Гурҷистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон онҳо на танҳо ҳамчун сарвари давлат, инчунин (сарвари) ҳокимияти иҷроия низ ҳисобида мешаванд, ки бевосита дар конститутсияҳои ин кишварҳо мустаҳкам шудаанд.

Тағйироти асосие, ки дар арсаи ҷаҳонӣ охири солҳои 1980-ум (дар асоси бозсозиҳои Горбачёв) ба вуҷуд омада буд, ба тараққиёти минбаъдаи ниҳоди президентӣ асос гузошт. Қариб ки дар тамоми ҷумҳуриҳои (ИҶШС), Ҷумҳурии федеративии сотсиалистии Югославия (ғайр аз Босния ва Герсеговина), инчунин Чехия ва Словакия мансаби президент ташкил дода шуд. Муғулистон низ мансаби президентро дар давлатдории худ созмон дод.

Имрӯзҳо (мансаби) президент қисми ҷудонашавандаи низоми сиёсии давлатҳои зиёди қитъаҳои  Аврупо, Осиё, Африқо, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар як давлати президентӣ, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол мустақилона муайян менамояд, ки мувофиқи конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ ниҳоди президент кадом нақшро дар ҳаёти сиёсии давлат мебозад.

Масалан, ба андешаи Б.Ҳ Раззоқов, «дар шуури одатӣ Президент чун мансабдори аввали давлат қабул шудааст, ки нуфузу обрӯи махсус ва воситаҳои пурзӯри ҳокимиятӣ дар ихтиёр дорад». Дар ҳақиқат ба андешаи муаллиф розӣ шудан мантиқист, зеро таҷрибаи давлатдории  имрӯза гувоҳӣ медиҳад, ки мардумони аксари мамлакатҳои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шуури одатиашон мансаби мазкурро дар қатори силсиламаротиби соҳибмансабони давлатӣ ҳамчун мансаби олии интихобии ҳокимияти давлатӣ тавсиф медиҳанд.

Аксарияти донишмандон бар он ақидаанд, ки давлатҳои аз лиҳози марзиву ҳудудӣ калонро танҳо ба воситаи низоми идоракунии президентӣ идора кардан самараноктар аст. Дар зимн  мисоли давлатҳои бузурги ҷаҳонӣ: ИМА ва Бразилия шакли идоракунии президентӣ доранд, аммо дар Канада ва Австралия шакли идоракунии парлумонӣ амал менамояд. Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин  дар шароити низоми яккаҳизбӣ расман усули идоракунии коллективии давлат эълон карда шудааст.

Ба андешаи муҳаққиқи рус Н.А. Сахаров, баъзе давлатҳои начандон бузург, ба монанди Кипр, Гондурас, Уругвай, Бенин, Малавӣ, Гамбия ва ғайра дар худ тарҳи идоракунии президентиро ҷорӣ кардаанд, аммо давлатҳои бузурги аврупоӣ, ба монанди Ҷумҳурии Федеративии Германия, Испания, Шветсия, Италия ҷумҳурии парлумонӣ ё ин ки подшоҳӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамин тариқ, вобастагии мустақим байни ҳаҷми ҳудуди ин ё он давлатҳо ва интихоби низоми идоракунии онҳо вуҷуд надорад, аммо зикр  кардан ба маврид аст, ки давлатҳои бузург ба ҳокимияти давлатии пурқудрат ниёз доранд.

Маъмулан вазифаи сардори давлат дар тамоми шаклҳои идоракунӣ мавҷуд аст. Дар давлатҳои монархӣ – монархияи меросӣ, дар ҷумҳуриявӣ – президенти интихобшуда. Зикр бояд кард, ки идоракунии давлат ба шахси мансабдоре, ки бо тартиби меъёрҳои конститутсионӣ, устуворӣ ва муттасилии сохти ҳокимият, инчунин намояндагии олиро дар муносибатҳои байналхалқӣ таъмин менамояд, ниёз дорад. Сардори давлат, ки одатан дорои салоҳиятҳои васеъ дар мувофиқа бо ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ аст, ҳамчун нишонаи давлат ва намояндаи асосии халқ баромад менамояд. Сардори давлат барои мустаҳкам намудани ҳокимияти давлатӣ, бо роҳи конститутсионӣ таъмин намудани ҳалли тамоми масъалаҳои буҳронӣ ва низоъ байни мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ба таври раъйдиҳӣ интихоб карда шудааст.

Ҳамин тариқ, ниҳоди президентиро дар мамлакатҳои хориҷӣ ба панҷ навъ ё намуд ҷудо намудан мумкин аст:

  1. президенти якка;
  2. 2.президенти коллегиалӣ (президентураи ҳайатӣ);
  3. президентураи мураккаб (сохторӣ);
  4. президентураи бифетсиалӣ (дусардорӣ);
  5. президентураи баробарҳуқуқӣ, ки дар як давлат вуҷуд дорад. Ба ин Ҷумҳурии Сан Марино мисол шуда метавонад.

Дар ҷумҳурии президентӣ ҳокимияти иҷроия, ташаккулёбӣ, мавқеъ, фаъолият ва ҷавобгарии он возеҳан аз ҳокимияти қонунгузор ҷудо мешаванд, аммо робитаи байни ин ду шохаи ҳокимияти давлатӣ аз низоми худидории дутарафа ва мутақобила асос мегиранд. Дар натиҷаи ин дигар аломатҳои хоси ҷумҳурии президентӣ сарчашма мегиранд:

  1. Президент дар ИМА чун қоида дар баробари парламент бевосита аз тарафи халқ интихоб карда мешавад;
  2. Президент одатан ҳуқуқ надорад, ки аз рӯи хоҳиши худ парламентро пароканда намояд; (ғайр аз ҳолатҳои муқаррарнамудаи Конститутсия), парламент наметавонад президентро аз вазифа сабукдӯш намояд (берун аз маросими импичмент) ва ӯро бо роҳи баён намудани изҳори нобоварӣ ба истеъфо фиристонад;
  3. Нақши ҳалкунанда дар идоракунии давлатро танҳо Президент доро аст, ки аксаран дар якҷоягӣ ҳам сардори давлат ва ҳам сардори ҳокимияти иҷроия ба ҳисоб меравад;
  4. Президент салоҳияти ягона дошта, дар танҳоӣ Ҳукуматро ташкил медиҳад ва онро ба истеъфо мефиристонад, вазиронро таъйин ва аз вазифа сабукдӯш мекунад;
  5. Президент дар назди парламент барои сиёсат ва фаъолияташ масъул нест (ҳукумат танҳо дар назди Президент масъул аст, инчунин парламент наметавонад вазиронро аз вазифа сабукдӯш намояд, гарчанде ки агар онҳо ба вайроншавии қонун роҳ дода бошанд; (масалан дар Тоҷикистон Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои якҷоя фармонҳои президентро оид ба аъзои ҳукуматро таъин ё озод намудани онҳоро тасдиқ менамоянд).
  6. Президент ҳуқуқи бе таъхир манъ кардани қонунҳои қабулнамудаи парламентро дорад, аммо парламент имконият дорад, ки онро ба воситаи баҳодиҳии аксарияти овозҳои (депутатҳои) вакилон бартараф намояд;
  7. Дар баъзе ҳолатҳо ҳангоми аз тарафи Президент таъйин намудани шахсиятҳо ба вазифаҳои олии ҳокимияти иҷроия ва судӣ розигии парламент ва ё палатаҳои он зарур аст;
  8. Шартномаҳои байналхалқие, ки Президент имзо намудааст, тасдиқ намудани онҳо аз тарафи парламент зарурат дорад;
  9. Ҳокимияти судӣ аз болои санадҳои конститутсионӣ ва қонунгузории ду шохаи дигари ҳокимият назорат мебарад ва риояи тартиби муқаррарнамудаи ҳуқуқиро таъмин менамояд;

Ҷумҳурии парлумонӣ — як шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ мебошад, ки нақши асосӣ дар амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ ва ташкили мақомоти он ба дӯши парламент ҳамчун ҳокимияти намояндагӣ ва қонунгузорӣ вогузор карда шудааст. Президент дар ин намуди идоракунӣ бештари вақт аз тарафи парламент (дар мисоли Юнон, Туркия, Лубнон, Чехия ва ғ.) ё ин ки дар маҷлиси васеъ, ки намояндагони федератсияро ба худ дохил менамояд, интихоб карда мешавад. Дар ҷумҳурии парламентӣ ҳолатҳое, ки Президент бевосита аз тарафи халқ интихоб мешавад, салоҳиятҳои он маҳдуд мешаванд, ки бевосита ҳокимияти иҷроия аз тарафи ҳукумат амалӣ карда мешавад.

Ҷумҳурии нимпрезидентӣ ё худ омехта дар илми давлатшиносии мамлакатҳои хориҷӣ на ҳамчун шакли мустақили идоракунӣ, балки ҳамчун шакли гузаранда ё ба шакли идоракунии президентӣ ва ё ба шакли идоракунии парламентӣ баррасӣ мегардад. Таҷрибаи амалии ҷумҳурии президентӣ дар як қатор мамлакатҳо, пеш аз ҳама, дар Франсия мавҷуд аст.

Махсусан вазъи сардори давлат ва нақши воқеии ӯ дар давлат, дар ҳар як мамолик бевосита дар заминаи  анъанаҳои сиёсӣ ва таърихӣ муайян карда мешавад. Масалан, дар давлатҳои монархияи парлумонӣ (Британияи Кабир ва Япония) ниҳоди сардори давлат (император, малика) ҳукмфармост, вале онҳо давлатро идора намекунанд ва вазифаҳои он зоҳиран ҳамчун вазифаи намояндагӣ мушоҳида мешавад.

Мавриди зикр аст, ки сатҳи начандон назарраси нақши ниҳоди президент дар намуди ҷумҳуриҳои парлумонӣ (Германия, Италия) мушоҳида  карда мешавад. Аммо агар ҳама гуна давлат шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ (ИМА) ё ин ки нимпрезидентиро (Франсия) интихоб намояд, пас ин он маъноро дорад, ки давлат бо роҳи ташкил додани ҳокимияти ҷумҳурии президентии тавоно ва пурқудрат рафта истодааст. Ин ҳокимият метавонад бевосита бо ҳокимияти иҷроия якҷоя шуда, онро таҳти роҳбарии худ қарор диҳад (ИМА) ва ё берун аз ҳукумати асосӣ истад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки таҷрибаи таъсиси мансаби президентӣ ва он ҳамчун сардори давлат дар аксари давлатҳо баъди таҷрибаи аввалинро аз сар  гузаронидани ИМА ба дигар давлатҳо сабақ шуд, то дар худ ин қолабро таҷриба намуда, ҷорӣ намоянд.

Тавре ки аз Конститутсияи  ИМА бармеояд, дар ИМА шахси мансабдори олӣ, ки салоҳиятҳои якҷояи сардори давлат ва сардори ҳукуматро амалӣ менамояд, президенти ИМА мебошад. Таҳлили таҷрибаи давлатдорӣ гувоҳи он аст, ки амалияи хориҷӣ шаҳодати  хоси аҳамияти ниҳоди президентӣ дар ҳаёти сиёсии давлат мебошад. Бояд зикр кард, ки салоҳиятҳои ба уҳдадоштаи Президент ба ӯ имконият медиҳад, ки ба ҷараёни ҷамъиятӣ-сиёсии дар давлат мавҷуда таъсир расонад. Дар давлатҳои демократӣ президент кафили устувории пояҳои низоми конститутсионӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст. Дар мувофиқа бо мақоми хос ва салоҳиятҳои президент, бар дӯши ӯ ҷавобгарии махсус барои нигоҳ доштани қонуният ва некӯаҳволии  халқ вогузор шудааст.

Агар ба таҷрибаи давлатдорӣ ва таъсиси ниҳоди президентӣ дар Федератсияи Россия диққат диҳем, мебинем, ки ин ниҳод дар таҷрибаи давлатдории русҳо низ навтаъсис аст ва таърихи на беш аз 27-сола дорад. Мутахассисон зикр менамоянд, ки тайи солҳои ҳокимияти шӯравӣ ниҳоди президентӣ инкор мегардид. Дар адабиёти ҳуқуқии шӯравӣ он чун зуҳуроти сирф буржуазӣ, ифодакунандаи манфиатҳои синфи ҳукмрон ва умуман, барои сохти сотсиалистӣ бегона маънидод мегашт. Ин сабаби дигар ҳам ҷой дошт.

Ниҳоди президентӣ мантиқан ба низоми шӯравӣ, ки ба таълимот дар бораи пурраҳокимиятии шӯроҳо асос ёфта буд, мувофиқат намекард. Таълимоти номбурда, ки пайванди ҳокимияти қонунгузорӣ ва фаъолияти иҷроиявиро таъкид дошт, ба принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, ки яке аз ифодаи он мавҷудияти мансаби президент мебошад, мухолифат менамуд”. Аммо ба ҳамаи зиддиятҳои назарӣ ва тарҳӣ нигоҳ накарда, дар ҳаёти давлатӣ-ҳуқуқии собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ масоили ниҳоди президентӣ на як бор пайдо шудааст. Масалан ҳангоми муҳокимаи лоиҳаи Конститутсияи дуюми ИҶШС соли 1936 қарор шуд, ки раиси Раёсати (Президиуми) Шӯрои Олии ИҶШС-ро тамоми аҳолӣ интихоб намояд.

Ин пешниҳодро И.В. Сталин (роҳбари ҳамонвақтаи ҳизбӣ) қатъан рад намуда, ишора ба он менамояд, ки мансабдори яккасардори расмӣ чун президент ба сохти сотсиалистӣ тамоман бегона аст.

Бори дуюм дар таърихи ИҶШС масъалаи ҷорӣ намудани мансаби президент ба ибтидои солҳои 60-уми асри гузашта рост меомад. Маротибаи дуюм худи роҳбарияти ҳизбию ҳукуматии Шӯравӣ Раёсати Шӯрои Олиро ҳамчун президенти коллегиалӣ тавсиф менамуданд.

Аслан қадами аввалин дар роҳи таъсиси мансаби президентӣ баъди эълони сиёсати бозсозӣ гузошта шуд. Аз соли 1990 Анҷумани сеюми вакилони халқии ИҶШС Қонунро «Дар бораи  таъсиси мансаби президенти ИҶШС ва даровардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ИҶШС”  қабул намуд. Бояд зикр кард, ки  тибқи моддаи 127 Конститутсияи ИҶШС Президенти ИҶШС ҳамчун сардори давлат тавсиф мегардид.

Ҳамин тавр, дар Россия ва дигар давлатҳои шӯравии собиқ ниҳоди президентӣ аз соли 1991 ҷорӣ аст. Новобаста аз ин аллакай 27 ноябри соли 1989 академик А. Сахаров ба намояндаи комиссияи конститутсионӣ М.С. Горбачев лоиҳаи конститутсияҳои ҷумҳуриҳои ИҶШС-ро супурда буд, ки моддаҳои 35 ва 36 он ба ниҳоди президентӣ дар ин давлат бахшида шуда буд. Аммо ин Конститутсия қабул нашуд.

Қарор дар бораи ворид намудани ниҳоди мазкур дар низоми давлатдории Россия дар раъйпурсии умумихалқӣ, ки моҳи апрели соли 1991 гузаронида шуда буд, қабул шуд ва 12 июни худи ҳамон сол ба мансаби президент Б.Н. Елсин бо овоздиҳии умумихалқӣ интихоб гардид.

Ворид намудани ниҳоди президентӣ дар давлатҳои собиқ шӯравӣ бевосита ба  дигаргун кардани низоми ҳокимияти давлатӣ, шакли ташкили идоракунии ҷумҳуриҳои сотсиалистӣ, ки ба ҳокимияти ягонаи Шӯрои депутатҳои халқӣ дар сатҳи гуногун асос меёбанд, робита дорад.

Дар баробари ин хусусиятҳои хоси шакли идоракунии ҷумҳуриявиро дар солҳои 90-уми асри ХХ дар Россия бояд ба назар гирифт, зеро дар ибтидо инкишофи ниҳоди пештараи президентӣ моҳиятан аз ниҳоди президентии муосир фарқ дошт. Дар ибтидо он бо мақсади барқарории маъруфияти  ҳокимияти давлатӣ, мустаҳкам ва таъмин намудани риояи қонунҳо дар мамлакат ташкил карда шуда буд.

Қонун «Дар бораи Президенти ҶСФСР» (27 апрели соли 1991) ҳамагӣ аз 11 модда иборат буда, баъзе аз меъёрҳои қонуни мазкур шабоҳатан бо қонунҳои дигар амал менамоянд, аммо меъёрҳои дигарашон қувваи қонуниашонро гум намудаанд. Дар қонуни мазкур Президент ҳамчун шахси мансабдори воло ва сардори ҳокимияти иҷроияи ҶСФСР тавсиф дода шуда буд.

Ҳамин тавр, вазъи ҳуқуқии президент дар ду қисмати асосӣ таҷассум ёфта буд, яъне: президент дар як вақт ҳам сардори давлат ва ҳам сардори ҳокимияти иҷроия ба ҳисоб мерафт. Аммо дар ин шакл ниҳоди президентӣ тӯлонӣ амал накард. Буҳрони конститутсионӣ, ки бо ҳодисаҳои 3-4 октябри соли 1993 анҷомид, ба қабули Конститутсияи нав оварда расонд, ки вазъи ҳуқуқӣ ва салоҳиятҳои Президентро дигаргуна муайян намуд. Қонун «Дар бораи Президенти ҶСФСР» бинобар сабаби  мухолифи меъёрҳои Конститутсия буданаш беэътибор дониста шуд ва дар амалия татбиқ  нагардид.

Конститутсияи соли 1993 дар Россия низоми нави ҳокимияти мақомоти давлатиро муайян намуда, шакли амрикоии ҷумҳурии президентӣ, ки президент дар симои як шахс ҳам сардори давлат ва ҳам сардори ҳукумат ба ҳисоб мерафт, рад карда шуд. Интихоб ба манфиати шакл ва тарҳи фаронсавӣ, яъне омехта ҷумҳурии нимпрезидентӣ карда шуд, ки вазифаҳои гуногун байни ду шахсони мансабдор, яке сардори давлат ва дигаре сардори ҳукумат Сарвазир вуҷуд дорад. Ин тарҳ дар Россия имрӯз роиҷ аст, ки сардори давлат Президент ва сардори Ҳукумат Сарвазир ба ҳисоб меравад.

Дар дилхоҳ давлат бори аввал таъсис ва таҷриба кардани ниҳоди президентӣ комёбии беназир дар таҷрибаи давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамин гуна ниҳоди президентӣ дар таҷрибаи давлатдории Федератсияи Россия навгонии беназир буда,  таҳлили  он дар низоми ҳокимияти давлатии Россия як самти фаъоли соҳаи тадқиқоти давлатӣ-ҳуқуқӣ мебошад. Ҳамин тавр, истилоҳи «президент» таърихан бо  шакли раёсати ҷумҳуриявӣ алоқаманд буда, аз мавқеи махсуси он дар низоми идораи давлатӣ дарак медиҳад.  Вазъи ҳуқуқии президент дар ҳама кишварҳо бевосита дар меъёрҳои конститутсионӣ мустаҳкам шуда, фаъолияти мансабдори олии давлатиро ифода мекунад.

Зуҳури  ҳуқуқии ниҳоди президент ҳамчун мансаби давлатӣ бо шакли раёсати (идораи) ҷумҳуриявӣ алоқаманд буда, унсури ҷудонашавандаи ин низоми давлатдории демократӣ маҳсуб меёбад. Дигар аломати тавсифдиҳандаи истилоҳи “президент” ба тариқи овоздиҳии умумихалқӣ интихоб шудани он мебошад. Аслан ин мансаб таъйинӣ нест, балки тариқи овоздиҳии умумихалқӣ интихоб мегардад. Ба андешаи мо, президент дар силсиламаротиби соҳибмансабони интихобии давлатӣ мансабдори олии интихобии давлат ба шумор меравад. Хулосаи таҳлили вазъи ҳуқуқии президент дар давлатҳои шакли раёсати ҷумҳурӣ гувоҳи он аст, ки дар бештари ҳолатҳо он хислати яккасардорӣ дошта, аз ҷониби шаҳрванди давлат ишғол мегардад.

Ҷанбаи дигаре, ки ба муайянкунии назариявӣ ниёз дорад, бо таносуби мафҳумҳои «ниҳоди (институти) президент» ва «ниҳоди президентӣ» вобаста аст. Президент мансабдори яккасардор эътироф ёбад ҳам, барои мусоидат ба амалисозии салоҳиятҳои он теъдоди сохторҳои ташкилӣ фаъолият мебаранд. Аз ин лиҳоз, агар мафҳуми «ниҳоди президент» маҷмӯи меъёрҳои конститутсионӣ-ҳуқуқиро нисбат ба таъсис, фаъолияти мансаби президент фаро гирад, ибораи «ниҳоди президентӣ» мазмуни васеътар дорад ва дарбаргирандаи маҷмӯи меъёрҳои  ҳуқуқӣ нисбат ба шаклу сохторҳои ташкилӣ ба фаъолияти президент мусоидаткунанда аст.

Ҳамин тавр, андешаи як зумра муаллифони ватаниро мо низ ҷонибдорӣ намуда, ба хулосае омадем, ки дар ҳақиқат «зуҳури ниҳоди мазкур  дар таҷрибаи давлатдории ҷаҳонӣ бо рукни иҷроияи ҳокимияти давлатӣ алоқаманд буда, тадриҷан  то иҷрои вазифаҳои ҳамоҳангсозӣ ва баъзан, ҳатто то доварӣ  дар низоми ҳокимияти давлатӣ барои  ифодаи ягонагии давлат ва ваҳдати миллӣ таҳаввул намудааст» ва то таъсиси созмони расмии ниҳоди мазкур дар давлатҳои алоҳида бо тарзу қолабҳои  гуногун арзи ҳастӣ кардааст.

Сиёвуш НАБОТОВ,
докторанти (PhD) риштаи ҳуқуқи
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ноябрь 15, 2018 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон барои муайян кардани иллатҳои ирсии модарзод табодули таҷриба анҷом дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раванди навсозии хизматрасонии давлатии Молдова шинос гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси шарҳи Конвенсияи СММ дар Камбоҷа иштирок дорад
Дар Тоҷикистон амалиёти навбатии «Муоинаи техникӣ» гузаронида мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ кӯдакистон, Қасри ҷавонон ва бинои нави беморхона ба истифода дода мешавад
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад