Дар Суди Олӣ оид ба нақши Конститутсия дар таҳкими давлати демократию ҳуқуқбунёд конференсия баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 06.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия — арзишмандтарин дастоварди давлати соҳибистиқлол ва нақши он дар таҳкими давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд» бо иштироки ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ конференсияи илмию амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар конференсия иброз гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани маълумоти сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ҷалби неруи созандаи насли наврас ва ҷавон ба равандҳои рушди устувори давлатдорӣ дорои аҳамияти хос мебошад.
Инчунин гуфта шуд, ки чунин ҳамоишҳои илмӣ-маърифатӣ дар заминаи Конститутсия имконият фароҳам меорад, ки ҷавонон бо меъёрҳои қонунҳои асосӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ шинос гарданд. Ҳамзамон ба баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии насли наврас мусоидат намуда, онҳоро барои иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа ва давлатдорӣ тарбия мекунад.
«Арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шиносоӣ бо саҳми ӯ дар таҳияи Конститутсия ба таҳкими худшиносии миллӣ ҷавонон нисбат ба ояндаи давлат заминаи устувор мегузорад», – таъкид гардид дар конференсия.
Изҳор шуд, ки иштироки ҷавонон дар чунин ҳамоишҳо на танҳо имконият медиҳад, ки онҳо бо Конститутсия ва ҳуқуқҳои конститутсионӣ шинос шаванд, балки ҳисси ватандӯстӣ ва масъулият дар назди давлат ва ҷомеа дар онҳо таҳким меёбад.
АКС: Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






