Бахшида ба Рӯзи Конститутсия бо иштироки судяҳо конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 05.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба ифтихори 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон ва 30 соли фаъолияти босамари судҳои иқтисодӣ дар мавзуи «Судҳои иқтисодӣ самараи Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини адолати судӣ дар меҳвари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Конфронс бо ташаббуси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парлумон, судҳои Олӣ, конститутсионӣ, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомотҳои марбутаи ҳифзи ҳукуқ ва тартибот иштирок намуданд.
Дар конфронси ҷумҳуриявӣ, ҳамчунин Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашурзода, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода, собиқадорони соҳа- аввалин Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Абдуллоев, ва собиқ Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллозода ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат сухан намуданд.
Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебонисо Абдуллозода дар конфронс иброз дошт, ки «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи олии иродаи мардуми сарбаланди тоҷик буда, бо ташаббуси бунёдгузори давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ин санади тақдирсоз поягузори давлату давлатдории навин, таъминкунандаи асосҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар ва муайянкунандаи самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ҷомеа буда, дар эҳёи давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад».
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода доир ба нақши Конститутсия дар тақвияти пояҳои давлатдории муосир, таҳкими волоияти қонун дар ҷомеаи Тоҷикистон ва дигар паҳлуҳои муҳими ин санади сарнавиштсоз сухан намуд. Гуфта шуд, ки аҳамияти махсуси Конститутсия дар он аст, ки ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ, ки арзишҳои олии халқи тоҷикро дар худ таҷассум намуда, суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи миллати фарҳангсолори моро инъикос карда, рукнҳои давлатӣ – ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судиро муайян, салоҳият ва ваколатҳои онҳоро танзим намудааст, ки вазифаи асосии онҳо таъмини волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.
Таъкид гардид, ки меъёрҳои Конститутсия кафили воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва дар маҷмуъ, нишонаи муҳимтарини ҷомеаи адолатпарвар, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошанд.
Бо дарназардошти он, ки адолати судӣ яке аз воситаҳои асосӣ ва боэътимоди ҳалли баҳсҳо ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад, дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми судии мамлакат барои таъмини фаъолияти муътадил, самараноки ва ягонагии фазои иқтисодӣ, инчунин ҳимояи манфатҳои қонунии ҳамаи субъектони ин муносибатҳо судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
Судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ аз ғамхории доимии Президенти мамлакат ҷиҳати баланд бардоштани нақш ва мавқеи судҳои иқтисодӣ дар ҷомеа руҳбаланд гардидаанд. Ин аст, ки онҳо рисолати касбӣ ва вазифаи хизматии худро бо дарки масъулият, риояи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои қонунгузорӣ, дастуру ҳидоятҳо ва супоришҳое, ки аз паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба тақвияти фаъолияти ҳокимияти судӣ бармеоянд ва дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо судяҳои ҷумҳурӣ баён доштанд, сармашқи фаъолияти худ қарор дода, адолати судиро дар барқарор намудани ҳуқуқҳои вайронгардидаи соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқии ба фаъолияти соҳибкорӣ ва дигари иқтисодӣ алоқамандро амалӣ менамоянд.
Дар конфронс таъкид гардид, ки амалӣ намудани адолати судӣ вазифаи пурифтихор, бошараф ва масъулиятнок мебошад, ки ба зиммаи судяҳо вогузор карда шудааст. Инчунин, судҳои иқтисодӣ зода ва ҳамқадами даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар тӯли фаъолият, баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, муассиса, корхона, ташкилот ва ғайра рисолати худро сарбаландона иҷро намуда, ба яке аз рукнҳои боэътимод ва кафили таъминкунандани волоияти қонун ва адолати судӣ табдил ёфтаанд.
Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ ҳамчун бузургтарин дастоварди мардуми Тоҷикистон ва Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози ҳаёти халқи тоҷик арзишҳое мебошанд, ки бо ҳам пайванди ногусастанӣ доранд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






