ИМРӮЗ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ШАҲРСОЗӢ. Тӯли 3 сол тамоми роҳҳои асосӣ ва дохилии пойтахти Тоҷикистон пурра таъмиру таҷдид ва мумфарш мегарданд
ДУШАНБЕ, 08.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз соли 1949 дар як зумра давлатҳои дунё 8 ноябр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии шаҳрсозӣ таҷлил мегардад. Мақсад аз таҷлили ин рӯз рушди шаҳрҳо ва фароҳам овардани шароити зист барои одамон дар онҳо буда, он аз ҷониби хатмкардаи Институти урбанизми Париж, профессори Донишгоҳи Буэнос-Айрес Карлсон Мария-делла-Паолера пешниҳод гардидааст.
Бо истифода аз ин маврид тасмим гирифтем дар бораи бунёду навсозии роҳҳои мошингард ва кӯпрукҳои бисёрсатҳа (эстакада) дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ибрози назар намоем. Зеро бунёди онҳо дар пешрафти шаҳрҳо, таъмини ҳаракати муназзами нақлиёт ва бехатарии роҳгузарон нақши муҳим дорад.
Тавре муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода иброз дошт, танҳо дар шаш моҳи соли 2018 ҷиҳати ба меъёрҳои замонавии шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахт дар 17 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 29,8 километр ва 3 иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 3,9 километр корҳои таъмиру навсозӣ оғоз гардида, дар 5 иншооти роҳсозӣ дар масофаи 9,8 километр бо масоҳати 134,4 ҳазор метри мураббаъ корҳои сохтмонӣ ба итмом расонида шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки муҳандисону роҳсозони варзидаи ватанӣ дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни хориҷии худ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин эстакадаи сесатҳаро дар Тоҷикистон (роҳҳои болоиҳам) дар доираи амалишавии лоиҳаи «Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе — Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе» дар муддати ду сол бо сатҳу сифати баланд сохта, дар рӯзҳои таҷлили 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Чорсӯи нав аз 3 сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Дар сатҳи дуввуми чорроҳа роҳи давродаврие бунёд шудааст, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути нишонаҳои махсус роҳнамоӣ карда мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб кӯпрук бо дарозии 125 метр ва паҳноии 24,8 метр мегузарад. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи сеқабата бо нишонаҳои роҳ ва хатандозиҳо танзим мегардад. Баробари анҷоми дигар корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи эстакада ҳамчунин такядеворҳои рӯизаминӣ бо дарозии 568 метр ва зеризаминӣ бо дарозии 480 метр бунёд шудаанд. Дар лоиҳаи сохтмони эстакада 4 роҳи зеризаминӣ низ бо дарозии умумии 236 метр барои роҳгузарон бунёд шудаанд. Дар доираи корҳои сохтмонӣ ҳамчунин навсозии системаи муҳандисии зеризаминӣ, аз ҷумла, оби нӯшокӣ, гармидиҳӣ, хатҳои алоқа, газ, равшанидиҳии замонавӣ, хатсайри троллейбус, сабзазоркунии гулгашту роҳравҳо ва як қатор тадбирҳои дигар амалӣ шудаанд. Дар доираи он нақби барқи баландшиддат бо дарозии 730 метр бунёд гардида, барои рӯшноидиҳӣ 121 сутунпоя насб шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки 5 сентябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи 82-юми пойтахт дар маросими ифтитоҳи расмии эстакадаи мазкур иштирок доштанд.
Аз ин пеш роҳи мазкур асосан ба сифати шоҳроҳе истифода мешуд, ки аз он воситаҳои нақлиёти шаҳрвандон, меҳмонони пойтахт, ҳамчунин нақлиёти боркаш ва ҷамъиятӣ мегузаштанд, ки ин ташкили муътадили ҳаракатро дар қитъаи мазкур мураккаб сохта, боиси танбашавӣ ва дигар мушкилот дар роҳ мегардид. Бунёди эстакада бехатарии ҳаракати нақлиёт ва роҳгузарҳоро таъмин намуда, барои беҳтар гардидани шароити ҳаракат дар ин қитъа мусоидат менамояд.
Тибқи иттилои муовини сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Шодимурод Аловуддинов, бунёди ҳалқароҳи сесатҳаи навбатӣ дар чорроҳаи буриши хиёбони Исмоили Сомонӣ ва хиёбони Абуалӣ ибни Сино дар назар дошта шудааст. Аз 26 феврали соли 2018 дар қитъаи мазкур корҳои сохтмони чорсӯи мазкур оғоз гардидааст. Ҳамчунин дар доираи бунёди ин чорроҳа сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Н.Махсум бо кӯчаи Маяковский, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Н. Махсум бо кӯчаи Баҳоваддинов дар назар дошта шудааст.
Ш.Аловуддинов ҳамчунин иброз дошт, ки то соли 2025 10 адад ва дар доираи амалишавии Нақшаи генаралии шаҳри Душанбе ҳамагӣ 20 адад чунин чорроҳаҳои сесатҳа дар пойтахт сохта мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки мақомоти шаҳрдорӣ барои дар сатҳу сифати байналмилалӣ анҷом додани корҳои таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилишаҳрӣ, дар ду баст ба роҳ мондани корҳои роҳсозӣ ва дарёфти роҳҳои танзиму ба тартиб даровардани фаъолияти нақлиёти мусофиркашонӣ, бартараф намудани танбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт дар пойтахт супориши қатъӣ гирифта буд. Дар робита ба ин дар мувофиқа бо сохторҳои марбута амалишавии «Барномаи рушди роҳҳои шаҳри Душанбе барои солҳои 2016 – 2020» имкон медиҳад, ки тӯли 3 сол тамоми роҳҳои пойтахт- асосӣ ва дохилии он пурра таъмиру таҷдид ва мумфарш гарданд. Ҳоло роҳсозон корро дар ду баст ба роҳ монда, кӯшиш доранд дар муҳлати муқарраршуда сохтмону навсозии роҳҳоро ба анҷом расонанд.
15 феврали соли 2017 зимни мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва масъулини сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соҳибкорон барои саҳм гузоштан дар бунёди роҳҳои кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ҳавасмандии худро изҳор намуда буданд.
Моҳи июни соли 2017, дар арафаи таҷлили ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ як қатор роҳҳои автомобилгарди пойтахтро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. 23 июни ҳамин сол Раиси шаҳр расман ба ифтитоҳ ва баҳрабардории қитъаи роҳи автомобилгарди хиёбони Борбад- аз кӯчаи Шестопалов то кӯчаи Пахтакор, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе ҷойгир аст, ибтидо гузошт. Сохтмон ва навсозии роҳи автомобилгарди хиёбони Борбад аз ҷониби пудратчии асосӣ -Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Роҳи тоҷик» ба маблағи беш аз 90 миллион сомонӣ иҷро шудааст. Масофаи роҳ дар ин минтақа 5,35 км буда, дар масоҳати 134 ҳазору 424 метри мураббаъ ҷойгир шудааст. Ҳамчунин роҳсозон дар навсозӣ ва барқароркунии шабакаҳои муҳандисӣ, аз ҷумла, чароғонкунии беруна, хат ва ноқилҳои барқтаъминкунӣ, хатти троллейбус, шабакаҳои берунаи обтаъминкунӣ ва корезӣ, гармидиҳӣ ва алоқа корҳои зиёди созандагиро мувофиқи талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ба субут расондаанд.
Ҳамчунин дар ин рӯз корҳои навсозии хиёбони Ҷ. Расулов, ки аз хиёбони Б.Ғафуров оғоз ёфта, то кӯчаи Р.Набиев дар масофаи 3,47 км бо масоҳати 207 452 метри мураббаъ тӯл кашидааст, пурра ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Лоиҳаи навсозии қитъаи мазкур аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Автострада» тарҳрезӣ шуда, пудратчии асосии лоиҳа Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Идеал Сервис» мебошад ва ҳаҷми корҳои навсозӣ қариб 127 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Масофаи пиёдароҳҳо тақрибан 19 км-ро ташкил дода, сохтмончиён дар баробари роҳсозӣ корҳои сабзазоркунӣ, ниҳолшинонӣ, васли ҷӯйборҳои оҳану бетонӣ, сохтмон ва васли панҷараҳои иҳотавӣ, қуттиҳои партов ва 19 адад истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятиро ба субут расондаанд.
Дар қитъаи мазкур ҳамчунин насб ва васли чароғакҳои роҳнамо, 662 адад аломатҳои роҳ, қубурҳои газгузаронӣ, обтаъминкунӣ ва корез, ноқилҳои барқӣ, алоқа, сутунҳои оҳанин анҷом дода шудаанд. Қитъаи роҳи мазкур бо назардошти тамоми унсурҳои роҳсозӣ бунёд шуда, дорои тамоми инфрасохтори коммуналӣ мебошад.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба баҳрабардории расмии роҳи мошингарди кӯчаҳои Асадулло Ғуломов ва Муродулло Шерализодаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ пас аз анҷоми корҳои навсозӣ замина гузошт.
Дар робита ба ин таъмиру асфалтпӯшкунии кӯчаҳои Муродулло Шерализода ва Асадулло Ғуломови ноҳияи Синоро соҳибкори инфиродӣ — Директори ҶДММ «Элит-Строй-Сервис» Изатулло Давлатов ба уҳда гирифта буд.
Сохтмончиён дар маҷмӯъ дар кӯчаҳои зикргардида 7,44 км роҳи автомобилгардро ба масоҳати 84 ҳазору 634 метри мураббаъ асфалтпӯш намуда, 8,39 км канорасангҳоро барқарор карданд.
Дар ҳамаи қитъаҳои болозикр корҳои бунёдӣ ва навсозӣ аз ҷониби сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва соҳибкори инфиродӣ бо истифода аз техникаву технологияи муосири роҳсозӣ бо сифати баланди ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ анҷом дода шуданд.
Дар айни замон бо роҳандозии тамоми имконоти мавҷуда ва истифодаи таҷрибаву техникаи муосир бунёди роҳҳои кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо саҳми соҳибкорон дар 4 ноҳияи пойтахт идома дорад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»