«ИСТИҚЛОЛ» — ЧЕМПИОН! Пурқувваттарин дастаи футболи шаҳри Душанбе бори ҳафтум ғолиби Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ гардид
ДУШАНБЕ, 07.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар даври бистуми Чкмпионат, ки имрӯз, 7-уми ноябр доир гардид, «Истиқлол» дар майдони худ – Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ – бозиро ба ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 0:1 бохт. Тӯби ягонаро дар дақиқаи 54-ум Шодибек Ғаффоров ба ҳадаф расонид.
Вале ин бохт мавқеи «Истиқлол»-ро дар ҷадвали мусобиқа тағйир надод – дастаи пурқувваттарини пойтахт бо 48 имтиёз барои рақибонаш дастнорас шуд ва қабл аз даври охирини мусобиқа соҳиби медалҳои тилло гардид.
Дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки дар ҷадвал бо 43 имтиёз ҷойи дуюмро касб намудааст, бо медалҳои нуқра мукофотонида мешавад. Хуҷандиҳо дар даври бистум дар меҳмонӣ аз дастаи «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрданд.
Дастаи нави лигаи олӣ – «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо 30 имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шудааст, новобаста аз натиҷаи бозии охиринаш 11-уми ноябр дар меҳмонӣ бо «Хуҷанд» пешакӣ медалҳои биринҷиро азони худ кард. «Кӯктошиҳо» дар даври бистум бозиро 7-уми ноябр дар майдони худ ба «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 1:2 бохтанд.
Боз як бозии даври бистум рӯзи чоршанбе дар варзишгоҳи ба номи Уктам Маматови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир гардид. Дастаи мизбон – «Панҷшер» тими “Барқчӣ”-и Ҳисорро, ки дар зинаи охирин ҷойгир шуд, бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.
Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол. Лигаи олӣ
Даври 20-ум
7-уми ноябр (чоршанбе)
«Панҷшер» – «Барқчӣ» — 2:1
Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).
Ҷалолиддини Балхӣ, варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов
«Истиқлол» – ССКА «Помир» — 0:1
Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
«Хатлон» – «Хуҷанд» — 4:2
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Бохтар, варзишгоҳи «Пахтакор»
«Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ» — 1:2
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Рӯдакӣ, варзишгоҳи «Нефтяник»
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
| 1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 20 | 15 | 3 | 2 | 34-16 | 48 |
| 2 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 20 | 13 | 4 | 3 | 39-19 | 43 |
| 3 | «Кӯктош» (Рӯдакӣ) | 20 | 9 | 3 | 8 | 30-29 | 30 |
| 4 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 20 | 7 | 4 | 9 | 25-26 | 25 |
| 5 | «Хатлон» (Бохтар) | 20 | 7 | 3 | 10 | 24-26 | 24 |
| 6 | ССКА «Помир» (Душанбе) | 20 | 5 | 8 | 7 | 21-30 | 23 |
| 7 | «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) | 20 | 4 | 6 | 10 | 16-27 | 18 |
| 8 | «Барқчӣ» (Ҳисор) | 20 | 4 | 1 | 15 | 16-32 | 13 |
Даври 21-ум
11-уми ноябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14:00
«Барқчӣ» – «Истиқлол»
«Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер»
«Хуҷанд» – «Кӯктош»
ССКА «Помир» – «Хатлон»








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд






