«ИСТИҚЛОЛ» — ДАР ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО! Чемпиони феълии Тоҷикистон бори аввал дар маъруфтарин мусобиқаи даставӣ ширкат меварзад

Ноябрь 19, 2018 09:30

ДУШАНБЕ, 19.11.2018./АМИТ «Ховар»/. Чемпиони феълии Тоҷикистон —   дастаи  футболи «Истиқлол» (Душанбе)  дар мавсими нав бори аввал дар маъруфтарин мусобиқаи даставии қора — Лигаи чемпионҳои Осиё  иштирок мекунад.

Барои баромадан ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа чемпиони Тоҷикистонро зарур аст, ки дар марҳилаи муқаддамотӣ аввал бар клуби АГМК аз Ӯзбекистон ва баъдан дар марҳилаи плей-офф бар клуби «Ал-Наср»-и   Арабистони Саудӣ ғолиб барояд.

Конфедератсияи футболи Осиё имрӯз 14 ноябр федератсияҳои миллиии футболро оид ба  тартиби баргузории марҳилаи муқаддимотии мусобиқа бохабар сохт.

Чемпиони Тоҷикистон дар марҳилаи якуми муқаддимотӣ бояд бо дастаи футболи «Ал-Муҳаррақ»-и Баҳрайн рақобат мекард. Аммо бо сабаби аз талаботҳои литсензиядиҳӣ нагузаштани клуби футболи Баҳрайн  чемпиони мо  ҳунарнамоияшро аз марҳилаи дуюми муқаддимотӣ шуруъ  мекунад. Дар ин марҳилаи мусобиқа рақиби «Истиқлол» барандаи Ҷоми Ӯзбекистон — клуби футболи АГМК мебошад. Бозӣ рӯзи 12 феврал дар шаҳри Олмалиқи Ӯзбекистон доир мешавад.

Дар сурати ба комёбӣ расидан дар ин бозӣ  чемпиони Тоҷикистон дар марҳилаи плей-оффи мусобиқа барои ҳамроҳ шудан ба марҳилаи гурӯҳӣ  рӯзи 19 феврал  дар сафар бо клуби футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ қувва меозмояд.

Дар сурати ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2019 роҳ ёфтани «Истиқлол» клуби футболи «Регар-ТадАз», ки имсол дар Лигаи олии Тоҷикистон мақоми чорумро касб кард, ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 роҳ меёбад. Зеро дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҷои сеюмро дар Лигаи олии имсола ишғол кардааст, аз  санҷиши  литсензиядиҳии бошгоҳии Конфедератсияи футболи Осиё нагузаштааст.

Лигаи чемпионҳои КФО-2019
Марҳилаи дуюми муқаддимотӣ
12 феврал (сешанбе)
АГМК (Узбекистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
Плей-офф
19 феврал (сешанбе)
«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – Ғолиби ҷуфти АГМК (Узбекистон)/«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

Дар ин мусобиқаи мушкил ба «Истиқлол» барору комёбӣ таманно мекунем!

 

Ноябрь 19, 2018 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд