«Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз беҳтарин қонунҳои асосӣ эътироф шудааст», — бардошт аз ҷамъомади Суди Олии иқтисодии мамлакат

Ноябрь 5, 2018 13:23

ДУШАНБЕ, 05.11.2018./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи он дар мавзӯи «Конститутсия кафили таъмини адолати судӣ» ҷамъомад доир гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад,  ҷамъомади мазкурро муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокир Аминзода ифтитоҳ намуда,  гуфт: «Дар таърихи ҳар як миллат воқеаҳое ба амал меоянд, ки барои бунёди давлати миллӣ заминаи таърихӣ мегузоранд. 6 ноябри соли 1994 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми ин сарзамин рӯзи таърихӣ боқӣ мемонад, зеро маҳз дар ин рӯз бори нахуст Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби мардуми Тоҷикистон қабул гардид».

Зикр шуд, ки қабули Конститутсия баробарҳуқуқии тамоми сокинони мамлакатро эътироф кард. Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муқаррар намуд ва моҳияти онро ҳамчун давлати иҷтимоӣ, ки барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад, таъйин кард.

«Мутобиқи моддаи 84-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо,  қонунияту адолатро ҳифз менамояд»,-гуфта шуд  дар ҷамъомад.

Бояд гуфт, ки адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.

Дар ҷамъомад зикр шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо дастгирию талошҳо ва иродаи  мустаҳками халқи тоҷик  бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, имрӯз яке аз конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон мебошад. Дар 10 боб ва 100 моддаи он тамоми паҳлӯҳои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд инъикос гардида,  заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд.

Ноябрь 5, 2018 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Life»: Навсозиҳо ҳаётро сабуктар менамоянд
Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон IRS 17 400 тонна маводи зиддилағзиш захира намудааст
Доир ба нақши маориф дар тарбияи насли ваҳдатсоз вохӯрӣ доир гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суди конститутсионӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё интихоб гардид
Алоқа барои сохтмон: чӣ тавр имконоти мобилӣ дар бунёди иншоот дар саросари Тоҷикистон кумак менамояд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд