КОРЗОРИ ФИДОКОРИҲО. «Роғун» барои даҳҳо сохтмонҳои дигари мо мактаби касбу ҳунар ва таҷриба мешавад

Ноябрь 15, 2018 11:59

ДУШАНБЕ, 15.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Инак, чархаи аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба чархидан  шурӯъ мекунад. Барқи гаронбаҳои деринтизори он ба рагу пайи кишвар неруи тоза эҳдо месозад. Неру барои ҷаҳидан ва барои иҷрои он  ҳадафҳои бузурге, ки мо дар оянда барои хеш тарҳрезӣ кардаем. Дар ҳақиқат, ин рӯзи таърихӣ, рӯзи шодию нишот ва  сарбаландии мост», — изҳор дошт зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Мирзошоҳрух АСРОРӢ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон. Матни пурраи суханони ӯ дар зер оварда мешавад.

Воқеаҳои солҳои 90-уми асри сипаришуда аз хотири насли имрӯз ба зудӣ фаромӯш намешаванд ва таъсири онҳо дар ҳаёти мо нақши шуми хешро боқӣ гузоштааст. Ҷанг, бесарусомонӣ дар иқтисод, камбуди барқ. Вақте бо гузашти ҳамагӣ ду-се соат чароғҳо то ба шабонарӯзи дигар комилан хомӯш мешуданд, вақте шабонгоҳон тамоми кӯчаю хиёбонҳо, хонаю маҳаллаҳо дар шаҳру деҳот ба коми зулмат фурӯ мерафтанд, гӯё ҳаёт дар ин фосилаҳо қатъ мешуд, набзи зиндагӣ аз задан мемонд. Ҳамасола тирамоҳу зимистон мардуми мо дар ҳамин аҳвол буданд. Корхонаҳои саноатӣ фаъолият намекарданд, тамоми бахшҳои рӯзгор, ки корашон вобаста ба барқ буд, ҳолати шадиди буҳрониро аз сар мегузаронданд. Мо ҳамон шабу рӯзҳо амиқан дарк кардем, дар таҷрибаи худ дидем, ки барқ воқеан ҳам нони иқтисод, неру барои пойдорӣ ва зистан будааст.

Ҳамин тавр, дар  шароити имрӯза давлатҳое, ки аз манбаъҳои неру танқисӣ надоранд, чӣ об бошаду чӣ нафту газ ва чӣ неруи хастаӣ, барои пешрафт ва бунёди як иқтисоди муосир соҳиби заминаи қавӣ ҳастанд. Онҳо дар фароҳам овардани зиндагии серу пур ва осудаҳолонаи шаҳрвандонашон имкониятҳои бештар доранд.

Хушбахтона, мо аз ҳеҷ манбаи неру бенасиб нестем. Ҳам об, ҳам захираҳои фаровони нафту газ дар қаъри заминамон дорем, ки дар  сурати мавриди истифода қарор гирифтанашон сабаби пешрафти мамлакат хоҳанд шуд, ҳам уран, ҳам офтоби пурсаховат, ҳам шамол… Рӯйи  ганҷ хобидаем.

Аммо махсусан захираҳои неруи  обиамон дар ҷаҳон нодир ва  беҳисобанд. Об, бархилофи нафту газ ва дигар манбаъҳои неру, ҳаворо олуда намесозад, бинобар ҳамин, энергетикаи обиро «энергетикаи сабз» гуфтаанду рушди он ба саломатии инсон ва рӯзгори осудаҳолонаи сокинони сайёра хатар эҷод намекунад. Бартариҳои дигари неруи обӣ дар  арзон афтидан ва таҷдидшаванда будани манбаъҳои он аст.

Ба ҳамин тариқа, кишвари мо бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин солҳои истиқлолият расидан ба истиқлолияти энергетикиро ҳадафи хеш қарор дода, тамоми қувваю имконотро, пеш аз ҳама, ба рушди энергетикаи обӣ равона намуд.

Ба миён гузошта шудани се ҳадафи стратегии рушд аз ҷониби Пешвои миллат дар солҳои аввали соҳибистиқлолию дар саргаҳи он қарор додани истиқлолияти энергетикӣ танҳо бо тақозои зарурати ҳаётии он рӯзҳо набуд, гарчанде барои пур кардани танқисии барқ атрофи аз Қазоқистону Туркманистон интиқол додани  он гуфтугӯҳое ба  вуқӯъ пайваста буданд. Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар асл ҳам ҳадафи стратегӣ буд, барои он ки заминаи рушди оянда пайдо шавад, то он нақшаву ҳадафҳоеро, ки имрӯз дорем, бо дилпурӣ матраҳ карда тавонем. Вагарна, имрӯз дар бероҳа мемондем. Ана, ҳамин аст яке аз нишонаҳои айнии хирадмандии бузурги Пешвои миллатамон.

Мувофиқи Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030 рушди иқтисодии кишвар ба ҳамин самт равона  хоҳад шуд, яъне, пешрафти афзалиятноки саноату инноватсия, технологияҳои муосир. То охири давраи муайяншуда ҳиссаи саноат дар таркиби маҷмӯи маҳсулоти дохилии мо  рақами аз ҳама бештарро ташкил хоҳад дод.

Тоҷикистон-кишвари  саноатӣ. Тоҷикистони индустриалӣ

Замоне  ин фикрро мо  ҳатто дар  сарамон ҳам ҷой намедодем. Бо  кишварҳои пешрафта сабқат карданро хобу хаёл медонистем. Вале  саноатикунонии Тоҷикистон аллакай дар нақшаҳои наздикамон шакли воқеӣ гирифтааст, ки  албатта, натиҷаи сиёсати оқилона  ва  дурандешонаи иқтисодию иҷтимоии Сарвари давлатамон зимни солҳои сипаришуда мебошад.

Ҷиҳати ба ин мақсадҳои бузург ноил гардидан мо бояд энергетикаи обиамонро собитқадамона рушд диҳем, ки  барояш, тавре дар боло ишора рафт, имкониятҳои нодир дорем. Дар Тоҷикистон 985 рӯд ҷорист, ки дарозии умумиашон 28500 километрро ташкил медиҳад. Ҳаҷми тавоноии энергетикӣ дар онҳо солона 527 миллиард киловатт/соат аст, ки ҳоло ҳиссаи ночизе аз ин иқтидор (10 дарсад ҳам не) мавриди истифода қарор дорад. Дар Осиёи Марказӣ 26,4 дарсади тавоноиҳои обии неру ба Қирғизистон, 14,5 дарсад ба Ӯзбекистон, 4,3 дарсад ба  Туркманистон ва 56 дарсади боқимонда ба Тоҷикистон мансубанд. Аз ин ҷиҳат мамлакати мо дар ҷаҳон баъди Чин, Россия, ИМА, Бразилия, Зоир, Ҳинд ва Канада ҷои ҳаштумро мегирад. Бо ҳисоби  ҳар нафар сокин ҷои дуюм ва бо масоҳат якум дар сайёра ҳастем.

Ҳоло 16 дарсади неруро дар ҷаҳон иншооти обӣ тавлид мекунанд, ки Чин, Парагвай, Норвегия, Бразилия, Канада, Австрия, Зеландияи Нав, Швейтсария, Венесуэла аз ин  ҷиҳат пешсафанд.

Бунёди нахустин неругоҳи обӣ дар Тоҷикистон соли 1936 сурат гирифт ва он «Варзоб-1» буд, ки дар  рӯди Варзоб сохта шуд. То соли 1952 дар маҷрои ин рӯд боз ду неругоҳи дигар-«Варзоб-2» ва «Варзоб-3» ба истифода дода шуданд. Соли 1956 дар Қайроққум неругоҳи «Дӯстии халқҳо» ба кор оғоз кард. Соли 1972 неругоҳи азими «Норак» тавлиди барқро шурӯъ намуд, ки иқтидораш 2 ҳазору 600 мегаватт аст. Соли 1985 неругоҳи «Бойғозӣ» бо иқтидори 600 мегаватт ба истифода дода шуд.

Давоми 70 соли Шӯравӣ мо ба истифодаи ҳамин миқдор тавоноиҳои энергетикаи обиамон муваффақ  гардидему баъди истиқлолият ба танқисии шадиди неруи барқ дар айёми камшавиҳои зимистонаи оби дарёҳо рӯ ба рӯ омадем.

Вазъияти ба миёномада роҳбарияти кишвар, Президенти мамлакатамон, сиёсатмадори оқилу фидокор муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмонро водор сохт, ки бунёди неругоҳҳои навбатии обӣ, таъмини истиқлолияти энергетикиро яке аз вазифаҳои умдаи давлату ҷомеаамон қарор бидиҳанд.

Муддати зиёде нагузаштааст, вале мо илова ба иншооти мавҷуда, аллакай неругоҳҳои «Сангтӯда-1»-ро бо иқтидори 670 мегаватт, «Сангтӯда-2»-ро бо иқтидори 220 мегаватт дорем, Маркази барқу  гармидиҳии «Душанбе-2»-ро бо иқтидори умумии 400 мегаватт бунёд, неругоҳҳои «Норак»-у «Дӯстии халқҳо»-ро таҷдид карда истодаем. Зимни солҳои соҳибистиқлолӣ бобати бунёди зерсохтори шабакаҳои барқ низ хеле корҳои бузург анҷом дода шудаанду дар минтақаҳои гуногун боз 300 неругоҳи хурди барқӣ оғоз ба кор кардаанд. Умуман, беш аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор пардохтаанд, ки ин андак нест. Ҳоло истеҳсоли шабонарӯзии неруи барқ дар мо 55 миллион квт/с-ро ташкил медиҳад.

Акнун бунёди хати баландшиддати барқи «CASA-1000» шурӯъ шудааст, ки неруи барзиёди тобистонаи барқро дар  Қирғизистону Тоҷикистон (бештар Тоҷикистон) ба Покистону Афғонистон интиқол медиҳад.

Неруи барқ метавонад муҳимтарин моли содиротии мо гардад, ба шарте суръати сохтмони неругоҳҳои обиро суст накунем, балки ривоҷи бештарашон диҳем ва ин корро ба як унсури калидии иқтисодамон мубаддал созем. Аз ин ба рушди саноат, дигар бахшҳои иқтисод зиёне намерасад, чун имкониятҳо фаровонанд. Тоҷикистони ҷанубӣ бо рӯдҳои Вахшу Панҷ 62 дарсади захираҳои гидроэнергетикиро дар хеш ғунҷоиш додааст. Бадахшон-27 дарсад, шимоли кишвар-11 дарсад.

Дар маҷрои Вахш ба ҷуз иншооти маълум, боз бунёди неругоҳҳои Сичароғ (420 ҳазор квт/с), Шӯроб (900 ҳазор квт/с) дар назар дошта шудааст. Дар маҷрои Панҷ 14 неругоҳ, ки иқтидорашон аз 300 ҳазор то 5,3 миллион квт/с хоҳад буд, бунёд мегарданд: Панҷи Поён (1,1 млн. квт/с), Кӯкча (800 ҳазор квт/с), Маскав (800 квт/с), Чумар (2 миллион квт/с), Даштиҷум (5,3 миллион квт/с), Қалъаи Хум (1,5 миллион квт/с), Туған (2 миллион квт/с), Рӯшон (3,1 миллион квт/с). Танҳо неругоҳи Даштиҷум  дар сурати сохта шуданаш солона 19 миллиард киловатт/соат барқ тавлид карда, талаботи кишварро қариб пурра қонеъ месозад. Ҳоло ҷиҳати бунёди неругоҳҳои «Шӯроб», «Нуробод-1», «Нуробод-2», «Айнӣ», «Фондарё», «Санобод», «Себзор» корҳои лоиҳакашӣ давом доранд.

Пас,  бубинед, модоме мо ин қадар имкониятҳо дорем, чаро онҳоро истифода накунем, чаро неруро, ки дар ҷаҳон ба ин ҳад арзиши гарон дорад, манбаи асосии содиротамон қарор надиҳем?!

Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иқтидори 3 ҳазору 600 мегаватт солона беш аз 17 миллиард квт/с барқ тавлид хоҳад кард. Шаш чархаи он ҳар як 600 мегаватт иқтидор доранд. Он дар маҷрои Вахш аз болооб нуҳум хоҳад шуд. Сарбандаш бо баландии 335 метр бузургтарин садди хокию сангӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Ин неругоҳ дар минтақа калонтарин мешавад.

Бунёди он солҳои шӯравӣ оғоз шуда буд. Аммо пас аз пош хӯрдани давлати абарқудрат сохтмон қатъ гардид, ҷанги дохилӣ корҳои анҷомшударо қариб пурра аз байн бурд.

Бинобар ҳамин, бо талошҳои Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди соҳибистиқлолӣ дар «Роғун» корҳои барқарорсозӣ шурӯъ гардиданд. Қатъи назар аз ҳама мушкилоти сангини иқтисодӣ кор дар ин неругоҳ ҳамеша идома дошт. Сохтмон арсаи нангу номуси миллӣ эълон гардид. Мардум даъватҳои Сарвари давлатамонро, ки алорағми мушкилиҳо мегуфт, агар лозим шавад, мо «Роғун»-ро бо нохунҳоямон месозем, гарм истиқбол карданд ва қувваю неруяшонро ба анҷоми ҳарчи зудтари корҳо дар ин иншооти сарнавиштсоз равона сохтанд.

Ба аҳамияти муҳими  неругоҳ дар ҳаёти кишвар Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд ва яке аз ин таъкидҳо ин аст: «Рушди устувори иқтисодиёт, ободии Ватан, сатҳу сифати зиндагии шоистаи мардум ва ниҳоят, истиқлолияти воқеии Тоҷикистонро бе бунёди неругоҳи «Роғун» таъмин кардан амри маҳол аст. «Роғун»  сарчашмаи ифтихори миллии ҳар як фарзанди Тоҷикистон ва рамзи сарбаландии имрӯзу фардои Тоҷикистони азизамон ва зиндагии пурсаодати фарзандону набераҳоямонро таъмин месозад».

Акнун, ки дар натиҷаи меҳнати шабонарӯзии ҳазорон нафар бетонрезон, кафшергарон, васлгарон, ронандагони мошину булдозерҳои пуриқтидор, лоиҳакашҳо ва намояндагони даҳҳо касбу кори дигар ин ормони миллии мо ба самар расидаасту чархаи аввали неругоҳ тавлиди барқро оғоз мекунад, мо ифодаи амалии он ҳама ҷаҳду талошҳо ва даъватҳои Пешвои миллатамонро баръало шоҳид гардида истодаем.

«Роғун»-ро тамоми Тоҷикистон месозад. Дар ин иншооти азим зиёда аз 15 ҳазор нафар кор мекунанд, ки байнашон намояндагони ҳама минтақаҳои Тоҷикистон ҳастанд. «Роғун» ҷоест, ки дар он ваҳдати миллӣ, дӯстию рафоқат, далерию шуҷоат тавлид ва кафшер мешаванд. Мо, бешубҳа, шоҳиди ба дунё омадани наслҳои комилан нави  шаҳрвандонамон ҳастем. Насле бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ, худшиносу худогоҳ, бо мавқеи фаъоли ҳаётӣ. Шуморо намедонам, вале ҳангоме ман гоҳо тавассути телевизион муҳокимарониҳои  бунёдкорони одии «Роғун»-ро мешунавам, аз он ҳаловат мебарам. Чӣ қадар суханрониҳои оқилона, андешарониҳои дуруст, бе ягон қоғаз ва талқине аз берун.

«Роғун» барои даҳҳо сохтмонҳои дигари мо мактаби касбу ҳунар, мактаби таҷриба мешавад.

Ноябрь 15, 2018 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» масолеҳи сохтмонии баландсифат истифода мешавад
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад