Марҳамат ба ҷашнгоҳҳо! Ба истифода додани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро дар Душанбе бо мушакпарронии идона пешвоз мегиранд

Ноябрь 15, 2018 08:14

ДУШАНБЕ, 15.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем,  17  ноябри соли  равон дар Муассисаи давлатии  «Наврӯзгоҳ» — и шаҳри Душанбе  намоиши театришуда  бахшида  ба маросими  ба  истифода додани  агрегати якуми  Неругоҳи  барқии обии «Роғун»  баргузор мегардад. Ҳамчунин дар ин рӯз  баъди анҷоми намоиш ба муддати 5 дақиқа мушакпарронии (фейерверки) идона сурат мегирад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд,   дар ин барномаи театришуда  устодони санъати тоҷик бо беҳтарин таронаҳо дар васфи Ватан, истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва  дигар арзишҳои миллӣ   ба фазои   идонаи   Тоҷикистон   шукӯҳи тоза  мебахшанд.

Ҳамчунин 17 ноябр  дар тамоми боғҳо ва  дигар маконҳои фарҳангию фароғатӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт сайру гашти   оммавӣ ва  барномаҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд. Аз ҷумла, чунин барномаҳои идона дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ,   майдони 800-солагии Москваи  ноҳияи Шоҳмансур ва майдони назди Прокуратураи генералӣ  дар ноҳияи Сино  баргузор мегарданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе  сокинону меҳмонони пойтахтро  ба ин ҷашнгоҳҳо даъват менамояд.

Ноябрь 15, 2018 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон