«Милитсияи Тоҷикистон — таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ». Таҳти ин унвон дар Душанбе китоби нав ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 13.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нави «Милитсияи Тоҷикистон-таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ» (назаре ба таърихи милитсияи тоҷик) ба нашр расид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии мамлакат ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, китоби мазкур ба қалами омӯзгорони Академияи ВКД Бозоралӣ Асламов ва Файзалӣ Қосимов тааллуқ дошта, оид ба таърихи милитсияи тоҷик, тайёр кардани кадрҳо ва дастовардҳои соҳа дар солҳои Истиқлолияти давлатии мамлакат маълумот медиҳад.
Китоби мазкур таҳти назари доктори илми ҳуқуқ, генерал-майори милитсия Ҷӯрахон Маҷидзода ва номзади илми таърих, генерал-майори милитсия Атобек Имомёрбеков ба нашр расидааст.
Зимнан, нақши милитсияи тоҷик дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ хеле назаррас буда, кормандони он ҳамеша барои пойбарҷо мондани ин арзиши олии ватандорӣ саъю талош менамоянд.
Инро ба назар гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як давраи кӯтоҳ дар ин соҳа таҳаввулоти зиёдеро амалӣ намуд. Махсусан барои беҳтар шудани фаъолияти кормандонаш аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудани Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013–2020 ва Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 далели нақши муҳим доштани ин соҳа дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун мебошад.
Китоб барои курсантон, донишҷӯён ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






