Минбаъд шахсоне, ки такроран ба ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо даст мезананд, аз 5 то 8 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд

Ноябрь 28, 2018 15:55

ДУШАНБЕ, 28.11.2018. /АМИТ«Ховар»/. Тавре иттилоъ додем, имрӯз вакилони палатаи поёнии Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ ва қабул намуданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, лоиҳаи мазкурро дар назди вакилони Парлумони мамлакат муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Умарзода ва  узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Бахтовар Сафарзода муаррифӣ намуданд.

Бахтовар Сафарзода дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» зикр намуд, ки ба моддаи 239 Кодекси ҷиноятӣ, ки ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ ном дорад, қисми 2 илова карда мешавад.

«Мувофиқи моддаи мазкур агар ҳамин кирдор такроран ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад, бо маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол ҷазо дода мешавад»,- илова намуд ҳамсуҳбати мо.

Ба иттилои номбурда, айни ҳол ин модда аз як қисм иборат буда, ҷазои ҷиноятиро барои ташкил ё  нигаҳдошти фоҳишахона, ҳамчунин даллагӣ  бо ғарази шахсӣ ё занҷаллобӣ дар шакли ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё маҳрум  сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ сол пешбинӣ менамояд.

Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 50 сомонӣ муқаррар гардидааст.

«Ба қисмҳои 3 моддаҳои 138 (Таҷовуз ба номус) ва 139 (Ҳаракати зӯроварии дорои  хусусияти шаҳвонӣ) бандҳои нав илова карда шуда, мувофиқи он ба Вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ/СПИД) гирифтор намудани ҷабрдида ҳамчун аломати вазнинкунандаи ин ҷиноятҳо эътироф карда мешавад»,-зикр намуд дар идомаи суҳбат узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Бахтовар Сафарзода.

Ба гуфтаи ин вакили мардумӣ, ба моддаи 141-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷазои ҷиноятиро барои алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳ нарасидааст, пешбинӣ менамояд, иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.

«Дар натиҷаи кирдорҳои болозикр ба касалии зӯҳравӣ гирифтор намудани ҷабрдида ва ба Вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ/ СПИД) гирифтор намудани ҷабрдида ҳамчун аломатҳои вазнинкунанда банду баст карда мешавад», — илова намуд Бахтовар Сафарзода.

Ёдовар мешавем, ки мувофики моддаи 125 Кодекси ҷиноятии амалкунандаи мамлакат шахсоне, ки бо роҳҳои гуногун нафари дигарро ба бемори ВИЧ/СПИД гирифтор мекунанд, ба муҳлати аз 2 то 10 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.

Ноябрь 28, 2018 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид