Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россия

Ноябрь 2, 2018 10:27

ДУШАНБЕ, 02.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. 2 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россияро таҳти сарварии Раиси Ҳизби Либерал — Демократии Федератсияи Россия Владимир Жириновский, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Владимир Жириновский ва ҳайати ҳамроҳашро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла таҳкими робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо аз сатҳи имрӯзаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ, низомиву техникӣ ва илмию фарҳангӣ, ки самтҳои асосии ҳамкории ҷонибҳоро дар доираи шарикии стратегӣ ташкил медиҳанд, изҳори қаноатмандӣ карда, густариши муносибатҳои минбаъдаи байнипарлумониро аз манфиатҳои муштараки ду кишвар  арзёбӣ намуданд.

Зимни суханронии худ Владимир Жириновский ба саҳм ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия баҳои баланд доданд. Таъкид гардид, ки Шумо сиёсатмадори дурандеш, Президенти мардумӣ ва Асосгузори давлати навини Тоҷикистон ҳастед. Дар марҳилаи барои давлату миллати тоҷик бисёр ҳассос Шумо, муҳтарам Президент, мардумро аз вартаи ҳалокат ва давлатро аз нобудшавӣ раҳо бахшидед.

“Мо нисбат ба Шумо эҳтироми самимӣ дорем ва Шуморо ҳамчун сиёсатмадори оқилу хирадпеша ва бунёдкор эътироф мекунем”,- таъкид дошт Раиси Ҳизби Либерал — Демократии Федератсияи Россия Владимир Жириновский.

Таъкид гардид, ки ҳайатҳои парлумонии Россия ва Тоҷикистон дар доираи созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди байнипарлумонӣ, ассамблеяҳои байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҷомеаи иқтисодии АвруОсиё ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҳамкории устувор ва фаъол доранд. Барои таҳкиму тавсеаи ҳамкории дуҷониба Комиссияи доимоамалкунандаи байнипалатагии парламентӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия фаъолият дорад.

Дар ҷараёни мулоқот сатҳи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, аз ҷумла омӯзиши забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон, ҷалби омӯзгорони русзабон, тайёр кардани мутахассисон дар муассисаҳои олии таълимии Россия ва филиалҳои онҳо дар Душанбе ибрози қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша карданд.

Мулоқот бо гуруҳи вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россия 02.11.2018

Ноябрь 2, 2018 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд