Муроҷиатномаи иштирокдорони Форуми донишҷӯёни тоҷикистонии донишгоҳҳои олии шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин
ДУШАНБЕ, 19.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре ҳамагон шоҳиданд, 16 ноябри соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон агрегати нахустини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд. Ин рӯйдоди фараҳбахш на танҳо сокинони мамлакат, балки ҳамватанони бурунмарзиамонро низ хушҳолу сарбаланд намуд. Дар ин робита ба АМИТ «Ховар» аз номи донишҷӯёни тоҷикистонии донишгоҳҳои олии шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки бахшида ба рӯзи таърихӣ- оғози кори агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” Форум доир намудаанд, муроҷиатнома расид. Дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Мо, иштирокдорони Форуми донишҷӯёни тоҷикистонии донишгоҳҳои олии шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин бо камоли ифтихору сарбаландӣ ва дарки худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва меҳанпарастӣ аз маросими ботантанаи ба истифода додани нахустин агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» истиқбол менамоем.
Ин падидаи умедбахш, ки нишони заҳмату талошҳои пайдарпайи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми меҳнатқарини кишвар дар ҷодаи сохтмону ба истифода додани Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад, ба мо рӯҳу илҳоми тоза дода, эътимоду боварӣ ба фардои дурахшон, саодати рӯзгор ва пешрафту ташаккули Ватани маҳбубамон –Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳким бахшид.
Мо, ҷавонони саодатманди кишвар, бори дигар таъкид менамоем, ки ҳамчун неруи созанда ва пуриқтидори ҷомеа барои амалӣ намудани нақшаҳои муҳим ва дурнамои рушди кишварамон саҳми босазои худро хоҳем гузошт.
Ҳангоми таҳсил дар мактабҳои олии Чин ва иқомат дар ин кишвари бепаҳно Ватан ва миллати тоҷикро ба таври шоиста муаррифӣ намуда, бо истифода аз беҳтарин имкониятҳои бароямон фароҳам овардашуда тамоми нозукиҳои касбу ихтисосҳои интихобкардаамонро аз бар хоҳем кард. Мо сидқан дарк мекунем, ки бояд бо дониш ва ҷаҳонбинии васеъ, савияи баланди ихтисоснокӣ, донистан ва самаранок истифода намудани технологияи наву муосир ба Ватан баргардем ва дар ободии он саҳм гузорем.
Мо аз он шодем, ки Тоҷикистони маҳбуби мо мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ рӯз аз рӯз қавитар менамояд ва миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷик бар ивази заҳмати самараноки хеш дар ҷодаи ободии Ватан ба дастовардҳои назаррас ноил шуда истодааст.
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин амр дар болоравӣ ва вусъати обрӯву эътибори кишварамон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст. Кишвари мо дар баррасии масоили марбут ба мудирияти захираҳои обӣ, тарҳрезии талошҳои байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ дар арсаи байналмилалӣ пешоҳанг аст. Бунёди неругоҳҳои барқи обӣ низ идомаи мантиқии сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, зеро диёри тоҷикон 60 фисади захираҳои оби минтақаро дар ихтиёр дорад.
Ба истифода додани нахустин агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» нишонаи беҳтарини расидан ба орзуву ормонҳои миллӣ, дарёфти файзу баракати рӯзгор ва гузоштани қадами аввал ба остонаи саодату пешрафти босуръати Тоҷикистон аст.
Дар зеҳн ва дилу дидаи ҳар як тоҷики баору номус рӯйдоди таъсирбахши 29 октябри соли 2016 дар шаҳри Роғун рухдода, вақте Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан сари чанбари булдозери вазнин нишаста, бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун такони тоза бахшиданд, абадан нақш бастааст.
Ин иқдом дар баробари нодир ва нишонрас будан, тавонист дар афкори ҷомеаи нуҳмиллионнафараи кишвар ва фарзандони фаромарзии миллат ва меҳани тоҷик, ки имрӯзҳо дар гӯшаву канорҳои ҷаҳон таҳсил ва кору зиндагӣ доранд, мисли барқ дурахшид. Ин дурахш эҳсоси ватанпарастӣ, ифтихор ва ормонҳои қалбҳои пурумеди мардуми моро такон дод, ки «Роғун бунёд мегардад!». Ин ҳарфу вожаҳои пур аз орзу ва ниёиш аз дили ҳар яки мо гузашт!
Инак, 16 ноябри соли 2018, дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба гардиш даромад. Аз ин рӯ, фараҳи рӯзи фархунда ва фаромӯшнопазири миллатро ба кулли мардуми шарафманд ва тамаддунофари тоҷик табрику таҳният мегӯем!
Мо, ҷавонон бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор дорем, зеро ин марди асил дар майдони набарду заҳмати зиндагӣ обутоб ёфта, ҳамчун фарзанди ҷоннисор ва фарзонаи миллат халқро аз парешонӣ, кишварро аз парокандагӣ ва миллатро аз нобудӣ раҳо бахшиданд.
Мо аз ҷомеаи кишвар, бахусус ҷавонону наврасони ҳамсоли худ даъват ба амал меорем, ки ҳамагӣ дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳид шавем ва Тоҷикистони азизро боз ҳам ободу зебо, орому осуда ва пурфайзу пурбаракат намоем!».
Иштирокдорони Форуми донишҷӯёни тоҷикистонии
донишгоҳҳои олии шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин
ш. Пекин, 17 ноябри соли 2018