Нақши академик Бобоҷон Ғафуров дар рушди илму маорифи Тоҷикистон ва Россия баланд арзёбӣ гардид

Ноябрь 22, 2018 16:55

ДУШАНБЕ, 22.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Конференсияи байналмилалии илмӣ ба муносибати  110-солагии олими барҷастаи тоҷик, шахсияти сиёсӣ ва ходими давлатӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров имрӯз дар доираи Намоишгоҳи «Тоҷикистон ва Россия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ»  бо иштироки олимону муаррихон ва сиёсатмадорони шинохтаи Тоҷикистону Россия баргузор гардид.

Конференсия дар маҷлисгоҳи Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳии президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ оғоз шуд. Сипас Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва намояндаи Федератсияи Россия  маърӯза намуда, ин олими барҷастаи тоҷикро пайвандгари дӯстию рафоқат миёни Тоҷикистон ва Россия муаррифӣ карданд. Дар музокираҳои илмии олимони дигари ду кишвари бо ҳам дӯст низ саҳми ин академики барҷаста дар рушди илму маорифи Тоҷикистон ва Россия баланд арзёбӣ гардид.

Зикр шуд, ки Академик Бобоҷон Ғафуров муаллифи қариб 400 асару мақолаҳо оид ба таърихи халқи тоҷик ва таърихи ҷаҳон мебошад, ки дар нашрияҳои гуногуни дунё чоп шудаанд. Асарҳои ӯ бо забонҳои гуногун дар Деҳлӣ, Берлин, Рим, Пекин, Афина, Кобул, Париж, Варшава ва ғайраҳо бо теъдоди зиёд ба табъ расидаанд. Аллома Бобоҷон Ғафуров муаллифи шоҳасар ва китоби рӯимизии ҳар як хурду бузурги миллати тоҷик — «Тоҷикон» мебошад.

Дар ҷараёни конференсия академики АИ ҶТ Акбар Турсун дар мавзўи «Дӯстии халқҳо ҳамчун дастури идеологӣ, амалияи сиёсӣ ва парадигмаи илм: саҳми Б.Ғафуров» андешаҳои худро иброз намуд.

Дар конференсия ҳамзамон масоили мубрами таърихи  ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар самтҳои ҳаёти сиёсӣ, илмию фарҳангӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ аз замони қадим то даврони муосир мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Ноябрь 22, 2018 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон