Навбатдорӣ дар Рӯзи иди касбӣ шараф ва ифтихор аст. Кормандони Хадамоти навбатдории ВКД ҳамеша омодаи таъмини тартиботи ҷамъиятиянд

Ноябрь 10, 2018 10:21

ДУШАНБЕ, 10.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони милитсия дар сатҳи олӣ ва бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Новобаста аз фазои идона ва таҷлили ботантана қариб ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилии мамлакат дар ин рӯз ба иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ машғуланд. Бо иҷозати роҳбарияти ВКД ҶТ журналистони АМИТ «Ховар» Акрам САНГЗОДА ва Елена БАТЕНКОВА ба шуъбаи оперативии Вазорати корҳои дохилӣ рафта, бо фаъолияти онҳо аз наздик шинос шуданд.

Қабл аз ворид шудан ба шуъбаи оперативии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба мо таъкид карданд, ки шуъбаи мазкур махфӣ аст, бинобар ҳамин акс гирифтан аз ҷараёни навбатдорӣ ва бевосита суҳбат намудан бо навбатдорони ВКД қатъиян мумкин нест.

Воқеан ҳам шуъбаи оперативӣ аз муҳимтарин бахшҳои мақомоти корҳои дохилӣ мебошад, зеро тамоми хабарҳо вобаста ба ҷиноятҳои содиршуда ва маълумот оид ба эҳтимоли содир шудани ҷиноят, пеш аз ҳама, ба ҳамин шуъба мерасанд.

Новобаста ба он ки имрӯз рӯзи иди касбӣ аст, дар ин ҷо хизмати кормандон ба таври муқаррарӣ ҷараён дорад. Тавре дар оғоз гуфтем, ба ин ҷо ҳатто баъзе аз кормандони Вазорат ҳуқуқи ворид шудан надоранд.

Сардори шуъбаи оперативӣ полковники милитсия Худойназар Асоев, ки собиқаи беш аз 30-сола дорад, моро пешвоз гирифта, дар бораи тартиби кори навбатдорони шуъбаи оперативии ВКД маълумот дод.

Кор дар ин шуъба беист ҷараён дошта, ҳаргиз қатъ намегардад, балки он аз як баст ба басти дигар мегузарад. Навбатдорон дар 4 баст кор мекунанд, навбатдории ҳар як баст соати 8 оғоз ёфта, як шабонарӯз идома меёбад. Тавре Худойназар Асоев иттилоъ дод, хизмат дар шуъбаи оперативӣ талабот ва мураккабиҳои хосси худро дорад. «Хизмат дар ин ҷо 24 соат беист мегузарад, навбатдор ҳуқуқ надорад, ки ҳатто як дақиқа аз назди телефонҳо ва мониторҳо дур равад. Илова бар ин, навбатдор бояд ҳамеша барои қабули занги телефонҳо омода бошад, бо шахси зангзада муошират намояд, аз ӯ ҳар чӣ бештар маълумот гирад. Аз натиҷаи гуфтугӯ ва муоширати телефонӣ характери ҷинояти содиршуда муайян карда мешавад ва вобаста ба он Гурӯҳи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, дигар хадамоти дахлдор ба ҷойи ҳодиса фиристонида мешаванд. Бинобар ҳамин вақте навбатдор ба кор шурӯъ мекунад, ӯ вазифадор аст, ки аз вазъият бохабар ва доир ба ҳама ҳодисаҳои рӯйдода маълумот дошта бошад», — гуфт Х.Асоев.

Дар як шабонарӯз ба шуъбаи оперативии Вазорати корҳои дохилии мамлакат аз 250 то 300 зангҳои телефонӣ ворид мешаванд. Баъзан вақт, аҳёнан баъзе ашхос оид ба ҷанҷолҳои оилавӣ, ки характери маишӣ доранд, ба шуъбаи оперативӣ занг мезананд. Новобаста ба камаҳамият буданашон ба чунин муроҷиатҳо низ вокунишҳои саривақтӣ ва тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ҳамарӯза роҳбарият ва кормандони шуъбаи оперативӣ фаъолияти худ, зангҳои воридотӣ ва муроҷиатҳои шаҳрвандонро таҳлил карда, хулоса мебароранд ва барои боз ҳам беҳтар шудани сифати хизмат, кам шудани ҳодисаҳои наматлуб дар миёни ҷомеа пешниҳодҳо мекунанд.

Дар ҳама ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои дигари мамлакат қисмҳои навбатдорӣ ҳастанд, ки хабарҳо оид ба содир шудани ҷиноятҳоро қабул карда, фавран ба навбатдорони шуъбаи оперативии ВКД ҶТ маълумот пешниҳод мекунанд. Ба ҳамин тартиб, тамоми маълумот дар бораи ин ё он ҷиноят ҳамзамон ба шуъбаи оперативии ВКД расонида мешавад.

Ҳолатҳое мешаванд, ки ба шуъбаи оперативӣ шаҳрвандон барои гирифтани ин ё он кумак муроҷиат мекунанд ё ин ки онҳо аз омода шудани ҷиноят хабар медиҳанд.

Дар шуъбаи оперативии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар баробари мардон занон низ навбатдорӣ мекунанд.

Навбатдори калони фаврӣ подполковники милитсия Манучеҳр Бобокалонов баъд аз анҷом додани назорат аз болои кори навбатдорон назди мо омада, мухтасар гуфт: «Дар шуъбаи оперативии Вазорати корҳои дохилӣ танҳо шахсони пуртаҷриба, масъулиятшинос, хунсарду қавиирода фаъолият карда метавонанд».

Тавре дар рафти шиносоӣ бо фаъолияти шуъбаи оперативӣ маълум гардид, барои анҷом додани фаъолияти хизматӣ дар ин ҷо тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Алоқаи баландсуръат, нақлиёти муосир, таҷҳизоти зарурии техникӣ баҳри дар сатҳи баланд анҷом додани фаъолияти хизматӣ: таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат мусоидат мекунанд.

Дар баробари доштани дониши ҳуқуқӣ, қатъият ва хунсардӣ, аз кормандони шуъбаи оперативӣ ҳамчунин омодагии ҷисмонӣ- дасту бозуи пурқувват талаб карда мешавад. Бинобар ҳамин ҳамаи кормандони шуъба мунтазам дар толорҳои варзишӣ ба машқ ва обутоби бадан машғул мешаванд.

Агарчӣ дар назари аввал фаъолият дар ин шуъба муқаррарӣ ба назар мерасад, вале дар асл чунин нест. «Дар вақти навбатдорӣ аз кормандони шуъбаи оперативӣ талаб карда мешавад, ки ҳамеша бодиққат ва дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд, дар мавриди гирифтани қарори фаврӣ истиҳола накунанд. Зеро дар паси як муроҷиати муқаррарӣ шояд ҳодисаи ҷиддӣ ниҳон бошад», — мегӯяд ёрдамчии навбатдори калони шуъба, подполковники милитсия Маҳмадшариф Самиев.

— Имрӯз ид аст, иди касбии кормандони Вазорати корҳои дохилӣ. Шумо нороҳат намешавед, ки ҳамаи ҳамкасбонатон иди касбиро ҷашн мегиранд, аммо шумо дар навбатдорӣ ҳастед? – мепурсам аз навбатдори шуъбаи оперативӣ Озода Раҳимова.

— Бараъкс, навбатдор будан дар рӯзи ид аввал шараф, сипас ифтихор аст. Зеро навбатдор будан дар ин рӯз ба ҳар кас муяссар намегардад ва таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар рӯзи ид нишон аз баланд будани сатҳи касбияти кормандони ин ниҳод мебошад, — якдилона ҷавоб доданд навбатдорони шуъбаи оперативии Вазорати корҳои дохилии мамлакат.

Ноябрь 10, 2018 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Бузургии Зан-Модар- ин олиҳаи ҳаёт ҳамеша вирди забони башарият аст
Рӯзи Модар рамзи эҳтиром ва қадршиносии махсуси давлату ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба Зан-Модар мебошад
Пешвои миллат дар таҳкими мақоми Зан-Модар дар ҷомеи Тоҷикистон нақши намоён доранд
Модар олиҳаи накугавҳар ва азизтарин шахсияти башар аст
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳон чун ташаббускори муҳими ҳалли мушкилоти глобалӣ шинохта шудааст
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСӢ. То соати 12:00 шумораи овоздиҳандагон дар Тоҷикистон 59 фоизро ташкил дод
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСӢ. То соати 9:00 шумораи овоздиҳандагон дар Тоҷикистон 22,1 фоизро ташкил дод
Пешвои миллат: «Мусулмони комил бояд ба Ватану миллати худ содиқ ва ба ҳифзи марзу буми он ҳамеша омода бошад»
«ИЛМИ СИНО РӮИ ДУНЁРО ГИРИФТ…». Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар мавриди шаҳомати оламафрӯзи Абӯалӣ ибни Сино
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН МАВРИД ҲУШДОР ДОДА БУДАНД. Барномаи муҳити зисти СММ ба амалҳои фаврӣ дар мубориза бо буҳрони сегонаи сайёра даъват менамояд