«Нури Роғун гираму мулки худ анвор кунам»

Ноябрь 14, 2018 08:41

ДУШАНБЕ, 14.11.2018./АМИТ «Ховар»/. Воқеаи  таърихии дарпешистодаи ба истифода додани чархаи аввали НБО-и «Роғун», ки сохтмони аср, ҳаёту мамоти тоҷикон эълон гардидааст, имрӯзҳо дили хурду калонро фараҳу шодӣ бахшидааст. Намояндагони касбу кор ва синну соли гуногун ба мо нома навишта, дар бораи ин эҳсосоти худ нақл мекунанд ва изҳори хоҳиш менмоянд, ки онро дар сомона чоп кунем. Яке аз дӯстони деринамон аз хориҷа ба мо чунин мавод ирсол намудааст.

Шамсиддини Муқимро соли 1987 нахустин бор дар толори Институти адабӣ вохӯрда будам, ки акнун ба риштаи рӯзноманигории донишгоҳи Ломоносови шаҳри Маскав шомил гардида, бо худ дафтаре ҳамроҳ дошт, ки барои банда дар он бо номи пораҳои шеърӣ армуғон оварда буд. Ёдам ҳаст, ки дар он рӯз ӯро тунд гирифтам, вале бо табассуми зебое, ки чеҳраи ӯро зеботар мегардонд, гуфта буд, ки: «Барои маслиҳат омадам… медонам, ки барои шеър гуфтани мо ҳоло барвақттар аст…». Мақсадашро пай бурдам ва аз он рӯз гоҳ-гоҳ, ҳар ҷо, ки во мехӯрдем абёт  ё пораи шеърашро қироъат мекард ва шӯхиомез мегуфт:

-Устод! Ҳамира чӣ хел гуфтам?

Ба ӯ мегуфтам, ки дафтари нави шеърашро бо такмилу таҳрир биорад, баъд маслиҳат мекунем.

Инак, баъди гузашти он замон, яъне соли 2010, чанд намуна аз ин дафтар пешкаши хонандагон мегардад. Мебинем, ки сухани эшон гувоҳи меҳру муҳаббат ба шоҳкории беназири мардуми шарафманди тоҷик, ки аҳамияти ҷаҳонӣ доранд, мебошад. Он рӯзҳо силсилашеърҳое ӯ пешниҳод карда буд, ки ба сохтмони иншооти азими давр, сохтмони НБО-и Роғун бахшида шудаанд ва бо ин силсила меҳри ногусастании хешро аз боргоҳи Ватан, инчунин садоқати пурифтихори хешро ба табиату боду обу хоки диёр дар ҳамбастагии мудом нишон медиҳад. Ана ҳамин силсилаи шеърҳо сабаб гардиданд ва ӯ барои чоп ризоият дод; ҳарчанд пештар дар маҷаллаву рӯзномаҳо низ баъзеи онҳо рӯйи чопро дида буданд.

Ин дафтари фароҳам аз шеър, албатта аз камӣ орӣ нест, аммо абёт ва қитъаҳои алоҳидаи он шахсро ба он водор месозад, ки ба иқдоми гӯяндаи ин ашъор дар ҷодаи эҷод бовар дошта бошад; банда комгориашро орзу мекунам.

Салими Хатлонӣ
ба Шамсиддини Муқим
аз китоби “Нурполо”
соли 2010.

НБО-и туро ба ҷовидон месозем

Вазифаи зиёии замона дар боби шоҳкориҳои санъатии роҳбару бинокорони барӯмандони имрӯзаи Меҳан, номбардорӣ ба иҷроиши корзори Роғун ва аҳди 8 сол пеш кардаи онҳо мебошад. Истеъдоди баланди гуруҳе аз забардастони НБО-и Роғун шарафу истиқлолияти истеҳсоли барқи Тоҷикистонро ба марҳалаи нави саъодат расонид.

Нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ ин аст, ки чархаи аввали НБО-ро беист, доимо дар гардиш оварда, ҷомеъаро ба сӯйи зафарҳои тозаи иқтисодиву иҷтимой ҳаракат хоҳем дод. Мардуми муҳтарами тоҷик нурро полида, ба зинаи баланди некаҳволии замонавӣ хоҳад расид. Акнун шуҳрати истиқлолияти барқӣ барои мо Тоҷикон хизмат хоҳад кард. Бо забони неруманди зебои нигон, ҳамаи бинокорон ва ба хусус ба раҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори ташаккур дорам.

Давлате дорам, ки сад мулки дигар пазмони ӯст,

Раҳбаре дорам, ки сад шоҳи дигар паймони ӯст.

Бо камоли эҳтиром
ва арзи сипос,
Шамсиддин Муқим,
шаҳри Москва,
14 ноябри соли 2018

 

Дар зер намунаи шеърҳои Шамсиддини Муқимро  аз дафтари “Нурполо” бо номҳои “Нисори Роғун”, “Нақди Роғун”, “Роғун, Роғун”, Куҳкан”, “Рӯди Вахш”, “Шаршара” ва “Роғун офаридем” пешкаш менамоем.

Нисори Роғун

Эй халқ, ба эътибори Роғун,

Бархез, ба корзори Роғун!

Миннаткаши нокасон набошем,

То дар ғами рӯзгори Роғун.

Аз бори матонат аст боло,

То арш сари вақори Роғун

Бо тоби зулол метаровад,

Селобаи беқарори Роғун.

Шӯраш ҳама бо фиғон физояд,

Хонад ҳамаро ба ори Роғун.

Бояст гузошт саҳми мардӣ,

Бо даъвати нангу кори Роғун.

Аз гардиши ақл гардиши чарх,

Орад сари ифтихори Роғун.

Бояд, ки гирифт нурполо,

Нурофари обшори Роғун.

Равшангари иқлими амонист,

Имрӯз зи диву пори Роғун.

Ин манбаъи нури Лоязолист,

Бояст шудан нисори Роғун!

Нақди Роғун

Хоҳам, эй кӯҳ, туро садди гирифтор кунам,

Ки ба ин рӯди равон соғари саршор кунам.

Роҳи дарё ҳама бандам, ки кунам баҳри дамон,

Хокро дар раҳи он банд ба зинҳор кунам.

Нақди Роғун барам аз ҷилваи обаш ба сафо,

Нури он баркашаму мулки худ анвор кунам.

Раъдро дар бадали барқ фидояш созам,

Барқро бар сари ин халқ гуҳарбор кунам.

Ба нисоре, ки зи обаш расад ин миллатро,

Ҷонфишон гардаму нураш ҳама ансор кунам.

Дасти имдоди амон мерасад аз Раҳбари мо,

Меҳри дилро ҳама иқдоми мададгор кунам.

Роғун, Роғун

Эй халқи ҷаҳон, ҳиммати мардон дорем,

бозуи матин!

Аз хурду калони даҳр меҳмон дорем,

бикшода ҷабин!

Мо чархи гарони давр гардон созем,

ҳайрон нашавед!

Роғун созем, ҷаҳон чароғон дорем,

паҳнои замин!

 

Роғун, Роғун, ба шӯру исён Роғун!

Эй рӯди сафо!

Эй аз ту шарори нур ояд афзун,

Эй кони вафо!

Мо аз ту макони худ мунаввар созем,

Ин аст маром!

Сархам нашавем ба пеши аъдои забун,

Не бими ҷафо!

 

Роғун, Роғун, туро ба ҷон месозем,

бо тобу тавон!

Бо ҳиммати руҳу бо тавон месозем,

мо пиру ҷавон!

Ҳар кас, ки бубинад, даҳан боз кунад,

ҳайрон, ҳайрон!

Мо НОБ-и туро ба ҷовидон месозем,

Эй оби равон!

Куҳкан

Халқи ман, худсозӣ инак, ёд мебояд гирифт,

Теша бар каф, пешаи Фарҳод мебояд гирифт.

Куҳро бояд фуруд овард инак пеши руд,

Садди дарё монда, худро род мебояд гирифт.

Мулкро бояд чароғон кард аз нуру зиё,

Бигзар аз ғафлат, раҳи бунёд мебояд гирифт.

Сохтан бояст Роғунро ба ҳукми Мири Ҳақ(қ),

Пушти Эмоми замон эҷод мебояд гирифт.

Мушти хок афган, бувад ин панди «аз мӯре мадад!»

Хез бар по, то раҳи иршод мебояд гирифт.

Пушти сар мегардад охир мушкили марди Худо,

Тоҷико, номус аз аҷдод мебояд гирифт!

Рӯди Вахш

 Рӯди Вахш аст, ки аз байни камар меояд,

Саркаши рамзада бо шуру шарар меояд.

Сели обаш ба фиғон аст ба паҳнои дара,

Тезрав, навҳа ба лаб, тундгузар меояд.

Сарвату моли диёр аст ба обаш рахшон,

Симу зар дар бағалаш, дурру гуҳар меояд.

Чашми душман ҳамагӣ танг шавад аз нураш,

Ки ҳасуд аст, чунин тангнигар меояд.

Дар ҷилояш ба сафо сурати анвори Худо,

Ба вафову карами аҳли башар меояд.

Тоҷикистони маро аз дами НОБ-аш инак,

Бишнав, эй тангназар, сози зафар меояд!

Роғун офаридем

Ба ҳиммат НОБ-и Роғун офаридем,

Ба чархи тоби гардун офаридем.

Ба оби Вахш руҳи тоза додем,

Зи тобаш ранги гулгун офаридем.

Зи хоку санг карда садди роҳаш,

Ба роҳаш банди афсун офаридем.

Барои халқ кори хайр кардем,

Барои ақл мафтун офаридем.

Ҷалоли эътибори шодкомӣ,

Ба қасди табъи маҳзун офаридем.

Шавад, то шоми мардум рӯзи равшан,

Чароғон кохи мамнун офаридем.

Шаршара

Шояд, ки шунидӣ, чӣ садо шаршара дорад?

Шояд, ки ту дидӣ, чӣ сафо шаршара дорад?

Дар ҳар нафасаш савти хуши оби равонаш,

Аз ҳар нафаси умр наво шаршара дорад.

Шорад ба замин аз назари авҷ расида,

Дар манзари дидан чӣ намо шаршара дорад.

Аз тантанаи бахт ба оҳанг физояд,

Чун мӯй, ки дар дасти сабо шаршара дорад.

Ё Раб, чӣ наку мерасад овози баландаш,

Боланда ба ҳар нағма баҳо шаршара дорад.

Дар дил фараҳ ояд зи навояш, ки шунидам,

Овози хуш аз кӯйи Худо шаршара дорад.

Ноябрь 14, 2018 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» масолеҳи сохтмонии баландсифат истифода мешавад
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад